ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ВАЗОРАТ: ДУ РӮЗ БОЗ ЯГОН ҲОЛАТИ МАРГ АЗ КОРОНАВИРУС НЕСТ. “БОМДОД” АЗ ФАВТИ ДАСТИКАМ 2 НАФАРИ ШИНОХТА ХАБАР ДОД

Бино ба охирин омори вазорати тандурустӣ, ки шоми 17 июл нашр шуд, дар як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 41 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, 26 нафар баъди муолиҷа аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Шумори умумии гирифторони коронавирус аз оғози пандемия дар Тоҷикистон, тибқи омори расмии вазорати тандурустӣ, ба 14 ҳазору  78 нафар расидааст, ки аз ин шумор 110 нафар фавтида, 13 ҳазору 685 нафар, ё 97,2% аз шумораи умумии гирифторшудагон шифо ёфтаанд.  Бар асоси ин омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 283 нафар бо нишонаҳои бемории коронавирус таҳти табобат қарор доранд.

Мунтақидон бар инанд, ки шумории воқеии гирифторон ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон метавонад хеле бештар аз арқоми расмии вазорати тандурустӣ бошад.

Аз ҷумла вазорати тандурустӣ дар ҳисоботаш мегӯяд, ки ду шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати марг аз коронавирус сабт нашудааст. Вале танҳо пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар ин муддат дар бораи марги дастикам 2 нафар аз коронавирус хабарҳо нашр шуданд. Аз ҷумла овозхони ансамбли “Шашмақом”-и вилояти Хатлон рӯзи 16 июл дар синни 55 вафот кард. Рӯзи 17 июл Дилшод, писари Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар дар синни 45 қурбони коронавирус шуд.

Мақомоти тандурустии Тоҷикистон дар баробари риояи қатъии чораҳои беҳдоштӣ ваксина гирифтан аз коронавирусро дар шароити кунунӣ роҳи аз ҳама муассири пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории марговар мешуморанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, то 16 июл 421 ҳазору 832 нафар аз сокинони ҷумҳурӣ ҳадди ақал вояи якуми ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирусро гирифтаанд. Аз ин шумор 20 ҳазору 190 нафар алакай ҳарду вояи ваксинаи зидди коронавирусро гирифтаанд.

Тибқи нақшаи миллие, ки қабул шудааст, дар Тоҷикистон бояд ҳудуди 6 миллион аҳолии аз синни 18 боло бояд аз коронавирус ваксина бигиранд. Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус рӯзи 3 июл гирифтани ваксинаро барои тамоми аҳолии калонсоли кишвар ҳатмӣ эълон кард. Ваксинаи зидди коронавирус дар Тоҷикистон ройгон мебошад.

Тоҷикистон ваксинаҳоро то кунун тавассути барномаи COVAX ройгон дарёфт мекунад. COVAX як барномаи байналмилалӣ аст, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ бо ҳадафи дастрасии одилонаи ҳамаи кишварҳо, бахусус кишварҳои нодор, ба ваксинаҳои зидди коронавирус таъсис додаанд. Тибқи ин барнома, кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта барои кишварҳои фақире, ки наметавонанд аҳолии худро бо ваксина таъмин кунанд, ваксина мехаранд.

Тоҷикистон низ узви COVAX буда, моҳи март дар чорчӯби ин барнома 192 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneka дастрас кард ва моҳи август бояд боз ҳамин миқдори дигар бигирад. Хитой низ моҳи июн дар чорчӯби барномаи COVAX ба Тоҷикистон ба таври ройгон 300 ҳазор вояи ваксинаи CoronaVac дод.

Мақомоти Тоҷикистон  нақша доранд, ки аз ҳисоби грантҳои ҷудокардаи Бонки осиёии рушд тавассути Сандуқи кӯдакони Созмони Милал ЮНИСЕФ аз  ширкати хитоии Sinovac, ки ваксинаи CoronaVac истеҳсол мекунад, беш аз 3 миллион ваксинаи дигар бихаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button