Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ СЕ НАФАР ВА ЗАХМӢ ШУДАНИ ЯК КӮДАК ДАР ДУ САДАМА ДАР ДЕВАШТИЧ ВА САРИКИШТӢ

Рӯзи 9 июл, соати 13:20 дар роҳи Истаравшан-Деваштич дар натиҷаи  ба дарахт бархӯрда, оташ гирифтани мошини «Киа-Оптима»,  ронандаи ин мошин, сокини 47-солаи ҷамоати Регари шаҳри Турсунзода Эралиев Абдусалом ва мусофираш зани 35-солаи сокини ҷамоати  Яхтани ноҳияи Деваштич ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари хурдсол, Зарипова Суғдиёна, соли таваллудаш 2015, сокини ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштич ҷароҳат бардоштааст.

хххххххххх

Инчунин рӯзи 9 июл, соати 12:50 пиёдагард Латифов Абдуғанӣ, сокини 60-солаи ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳудуди ин ҷамоат зери чархи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс» монда, дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст.

ххххххххх

Марди 31-солаи сокини Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии зани 46-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ то моҳи декабри ҳамон сол 4 ҳазор доллар гирифтааст, вале 6 сол боз ӯро фиреб дода, пулашро барнамегардонад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 10 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 9-уми июли соли 2021, тахминан соати 13:20-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Киа-Оптима», Эралиев Абдусалом Тоштемирович, соли таваллудаш 1974, сокини ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи нақлиётгарди «Истаравшан-Деваштич», дар ҳудуди ноҳияи Деваштич, аз ӯҳдаи идора намудани воситаи нақлиёташ набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, ба дарахт бархӯрда, сипас автомашина оташ гирифтааст.
Дар натиҷа аз таъсири алангаи оташ қисми зиёди автомашина сӯхта, корношоям гардида, ронандаи автомашина Эралиев А.Т. ва мусофираш зани 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Мусофири дигараш хурдсол, Зарипова Суғдиёна Санҷаровна, соли таваллудаш 2015, сокини ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи мазкур, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Инчунин, санаи 9-уми июли соли 2021, тахминан соати 12:50-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Мирзоев Беҳрӯз Мирзоҳамроевич, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рудакӣ, ҳангоми ҳаракат кардан дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи мазкур, аз ӯҳдаи идора намудани воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагард, Латифов Абдуғанӣ Сабурович, соли таваллудаш 1961, сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард, Латифов А.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир кардани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 26-уми октябри соли 2015, дар кӯчаи Бохтар назди идораи натариали ноҳияи И.Сомонӣ бо роҳи фиреб ба боварии зани 46-солаи сокини пойтахт даромада аз ӯ 4 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, ваъда додааст, ки то моҳи декабри соли 2015, маблағи гирифтаашро бармегардонад, аммо фиреб дода то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button