Хадамоти матбуоти фурудгоҳи Колтсовои шаҳри Екатеринбург хабар дод, ки ширкати ҳавопаймоии Nordwind (“Северный ветер”) ба анҷоми парвозҳои мустақим аз ин фурудгоҳ ба боз як шаҳри Тоҷикистон: Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) шурӯъ мекунад.
Нахустин парвоз дар ин хатсайр, қарор аст, рӯзи 15 декабр сурат бигирад. Дар оянда парвозҳо ҳар рӯзи чоршанбе бо ҳавопаймои Boeing 737-800, ки тавони бурдани 189 мусофирро дорад, анҷом дода мешавад. Тӯли парвоз 3 соату 25 дақиқаро ташкил медиҳад.
Дар гузашта дар соли 2014 байни Екатеринбург ва Бохтар ҳавопаймоҳои ширкати East Air парвоз анҷом медоданд.
Омодагӣ ба анҷоми парвозҳо ба боз як шаҳри Тоҷикистон аз фурудгоҳи Колтсовои Екатеринбург дар ҳолест, ки дар ҳоли ҳозир, аз ин фурудгоҳ алакай ба се шаҳри дигари Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб парвозҳои мунтазам анҷом дода мешаванд.
Ҳамаи мусофироне, ки ба Тоҷикистон парвоз мекунанд, бояд барои вуруд ба он кишвар санади тести манфии ПЦР дар бораи надоштани вируси COVID-19 пешниҳод кунанд. Ин тест бояд на камтар аз 72 соат қабл аз расидан ба марзи Тоҷикистон супурда шуда бошад. Аз кӯдакони то сесола чунин тест талаб карда намешавад.
Барои онҳое, ки ба Русия парвоз мекунанд, низ чунин тест лозим аст, вале он бояд на камтар аз 48 соат қабл аз расидан ба марзи Русия супурда шуда бошад.