ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

ШУРӮИ ДУБОРАИ ПАРВОЗҲО АЗ ЕКАТЕРИНБУРГ БА БОХТАР (СОБИҚ ҚӮРҒОНТЕППА)

Хадамоти матбуоти фурудгоҳи Колтсовои шаҳри Екатеринбург  хабар дод, ки ширкати ҳавопаймоии Nordwind (“Северный ветер”)  ба анҷоми парвозҳои мустақим аз ин фурудгоҳ ба  боз як шаҳри Тоҷикистон:  Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) шурӯъ мекунад.

Нахустин парвоз дар ин хатсайр, қарор аст, рӯзи 15 декабр сурат бигирад. Дар оянда парвозҳо ҳар рӯзи чоршанбе бо ҳавопаймои Boeing 737-800, ки тавони бурдани 189 мусофирро дорад, анҷом дода мешавад. Тӯли парвоз 3 соату 25 дақиқаро ташкил медиҳад.

Дар гузашта дар соли 2014  байни Екатеринбург ва Бохтар ҳавопаймоҳои ширкати East Air парвоз анҷом медоданд.

Омодагӣ ба анҷоми парвозҳо ба боз як шаҳри Тоҷикистон аз фурудгоҳи Колтсовои Екатеринбург дар ҳолест, ки дар ҳоли ҳозир, аз ин фурудгоҳ алакай ба се шаҳри дигари Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд  ва Кӯлоб парвозҳои мунтазам анҷом дода мешаванд.

Ҳамаи мусофироне, ки ба Тоҷикистон парвоз мекунанд, бояд барои вуруд ба он кишвар санади тести манфии ПЦР дар бораи надоштани вируси COVID-19 пешниҳод кунанд. Ин тест бояд на камтар аз 72 соат қабл аз расидан ба марзи Тоҷикистон супурда шуда бошад. Аз кӯдакони то сесола чунин тест талаб карда намешавад.

Барои онҳое, ки ба Русия парвоз мекунанд, низ чунин тест  лозим аст, вале он бояд на камтар аз 48 соат қабл аз расидан ба марзи Русия супурда шуда бошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button