ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ҶАВОНИ 21-СОЛА АЗ ДЕҲАИ ПОРВОРИ ДАШТИҶУМ ДАР КӮЛИ ҶАВОНОНИ ПОЙТАХТ ҒАРҚ ШУДААСТ

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотбахшону ғаввосони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе рӯзи 23 апрели соли 2024 аз кӯли Ҷавонон (собиқ кӯли Комсомол) дар маркази пойтахт ҷасади як ҷавони ғарқшударо аз об овардаанд.

Бино ба гузориши нашршуда, рӯзи 23 апрел, соати 14:46 аз раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг зада, дар бораи ғарқ шудани як мард дар кӯли Ҷавонон хабар додаанд. Ғаввосон ба ҷои ҳодиса омада, ҷасадро аз об берун оварда, ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Маълум шудааст, ки ин марди ғарқшуда сокини 21-солаи деҳаи Порвори ҷамоати ба номи Маҳмудов дар минтақаи Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддини Шоҳин будааст. Тафсилоти дигари ҳодиса ва сабаби ба соҳили кӯли Ҷавонон омадану чӣ гуна ғарқ шудани ин ҷавонон маълум нест.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, сабабҳои ҳодисаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мекунанд.

Дар пайи марги фоҷиавии ин ҷавон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон хотиррасон кардааст, ки мавсими оббозӣ расман аз 1 июн сар мешавад. Кумита аз ҳама хостааст, ки қоидаҳои бехатариро дар обу соҳили дарёҳо қатъиян риоя кунанд ва худро ба хатар наандозанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки тайи ду рӯзи истироҳати 20 ва 21 апрели соли 2024 дар ҷӯю дарёҳои ҷумҳурӣ 6 ҳодисаи нохуши маргбор рух дода, дар натиҷа, 5 ноболиғи синнашон аз 2 то 17-сола ва як зани 60-сола ғарқ шудаанд. Ғарқ шудани якбора 6 нафар дар давоми ҳамагӣ 2 рӯз дар ҳоле буд, ки мавсими имсолаи оббозӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз расман оғоз наёфтааст.

Бино ба омори расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, тайи соли 2023 дар обҳои Тоҷикистон 181 нафар, аз ҷумла 75 кӯдаку навраси то синни 16 ва 36 зану духтар ғарқ шудаанд. Соли 2022 дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80  кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда буд. Вале марги якбора 6 нафар, аз ҷумла 5 кӯдак дар давоми ҳамагӣ 2 рӯз дар ҳолест, ки мавсими имсолаи оббозӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз расман оғоз наёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button