ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АЗ ДАСТИ БОБОЯШ КАНДА КАРД… МАРГИ КӮДАКИ СЕСОЛА ДАР ВАҲДАТ ВА ЯК НАВРАС ДАР ФАРХОР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ҳалокати як наврас ва як кӯдаки сесола дар ду садама дар ноҳияи Фархор ва шаҳри Ваҳдат хабар дод.

Шоми 21-уми апрели соли 2024, тахминан соати 20:30, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Тӯразода Саиднуриддини Олимхӯҷа, соли тававллудаш 2001, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Ҳаёти Нав ба самти маркази ноҳияи Фархор, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ Сафаров Комилҷон Исоевич, соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Сафаров К.И. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст, вале табибон натавонистанд ҷони ҷавони ӯро аз марг наҷот диҳанд. Комилҷон Сафаров як рӯз пас дар беморхона вафот кард.
Ҳамчунин рӯзи 22-юми апрели соли 2024, тахминан соати 11:00, ронандаи нақлиёти мусофиркаши тамғаи “Мерседес Бенс Спринтер”, Бурунов Музаффар Каримович, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат ба самти бозори марказии шаҳри Ваҳдат дар назди беморхонаи марказӣ пиёдагарди хурдсол Маҳмудзода Муҳаммад Тоҳир, соли таваллудаш 2021, сокини шаҳри Ваҳдатро пахш кард. Бино ба маълумоти ВКД, Муҳаммад аз дасти бобояш Лашкаров Маҳмадамин Холназарович, соли таваллудаш 1957, канда карда, давида, ба истиқболи марги худ ба роҳи мошингард баромадааст ва зери чархи “маршрутка” мондааст. Дар натиҷа, хурдсол Маҳмудзода М.Т. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВКД гуфт, оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки рӯзҳои 19 ва 20 апрели соли 2024 дар 4 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 4 нафар ба ҳалокат расида, 8 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button