ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатҶанг дар Украина

ФСБ ЗОДАГОНИ ОСИЁИ МАРКАЗИРО БА ҚАСДИ ҲАМЛАҲО БА СИНАГОГАИ МАСКАВ ВА ПОЙГОҲИ ҲАРБӢ ДАР ДОНЕТСК АЙБДОР КАРД

ФСБ (Хадамоти федералии амнияти Русия) рӯзи 11 апрели соли 2024 бо нашри ду баёнияи алоҳада аз пешгирӣ кардаи ҳамлаҳои террористӣ ба синагога дар шаҳри Маскав ва як пойгоҳи ҳарбӣ дар шаҳри ишғолшудаи Донетск дар шарқи Украиа хабар дод.

Бино ба иттилои ФСБ, “зодаи яке аз кишварҳои Оси Миёна, соли таваллудаш 2002”, ки қасди ҳамла ба маъбади яҳудинро дар сар дошт, рӯзи 10 апрели соли 2024  “ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон дод ва бо оташи ҷавобӣ безарар гардонда шуд”.

 “Шуъбаи террористӣ” дар Донетск бошад, ба иддаои ФСБ, “аз 6 шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ иборат буда, фаъолияташ аз қаламрави Украина ҳамоҳанг сохта мешуд” ва гӯё баъди анҷоми ҳамла аъзои ин гуруҳ “қасд доштанд, ки ба Туркия фирор карда, сипас аз онҷо ба Украина бираванд”.

 Тафтиши ин иддаоҳои ФСБ тавассути манобеи дигари мустақил имкон надорад, вале қаблан ҳомиёни ҳуқуқ ин ниҳодро ба он айбдор мекарданд, ки ба хотири намоиши бардурӯғи натиҷаҳои баланд дар арсаи мубориза бо терроризм ба зидди муҳоҷирони беҳуқуқу беҳимоят, бахусус ба зидди зодагони Осиёи Марказӣ парвандаҳои бардурӯғ мебофад.

Бино ба гузориши  маркази робитаҳо бо ҷомиаи ФСБ, ин ниҳод аз фаъолияти ҷиноии зодаи яке аз кишварҳои Осиёи Миёна, ки гӯё қасди ҳамлаи террористӣ ба як муассисаи динии яҳудиён дар шаҳри Маскав ҳангоми таҷаммӯи издиҳоми зиёдро дар сар дошт, ҷилавгирӣ кардаанд.

Бино ба фарзияи ФСБ, “дар ҷараёни чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ин хориҷии соли таваллудаш 2002, ки дар Ватанаш барои як амали ҷиноятӣ зиндонӣ шуда буд, бо ташаббуси худаш бо афроди барои фаъолиятҳои террористӣ маҳкумшуда дар тамос шуда, таҳти таъсири оҳо идеологияи як созмони байналмилалии террористии дар Русия мамнӯъро пазируфт. Баъди озод шудан, ӯ моҳи ноябри соли 2023 ба Русия омад. Ин шаҳрванди хориҷӣ, ки дар Маскав зиндагӣ мекард, ба анҷоми амали террористӣ омодагӣ медид: маҳалли атрофи яке аз синагогаҳои шаҳри Маскавро омӯхта,  ҳамчуин барои сохтани маводи таркандаи худсохт ашёи заруриро ба даст оварда буд”.

ФСБ меафзояд, ки рӯзи 10 апрели соли 2024 ин ҷавон ҳангоми боздошташ  “муқовимати мусаллаҳона нишон дод ва бо оташи ҷавобӣ безарар гардонда шуд. Дар макони зисти ӯ василаи таркандаи худсохти барои истифода омода, ҳамчунин маводи тарканда ёфта ва гирифта шуд”.

Тафсилоти дигари қазия дастрас нест. Номи ҷавони кушташуда нашр нашудааст. ФСБ гуфт, ҳоло масъалаи кушодани парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба ин қазия дар дасти баррасист.

Бино бар гузориши дигари маркази робита бо ҷомиаи ФСБ, рӯзи 11 апрели соли 2024 ин ниҳод ҳамчунин аз фаъолияти як гуруҳи террористии иборат аз 6 шаҳрванди яке аз кишварҳои Осии Марказӣ пешгирӣ кардааст. Ин афрод, ба иддаои ФСБ, гӯ ёқасди ҳамлаи террористӣ ба як ишооти Қувваҳои мусаллаҳи Русияро дар шаҳри ишғолшудаи Донетск дар сар доштанд.

 “Дар ҷараёни чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки фаъолияти гуруҳи террористӣ аз қаламрави Украина ҳамоҳанг сохта мешуд. Аъзои гуруҳ баъди анҷоми ҷиноят  қасд доштанд, ки ба Туркия фирор карда, сипас аз онҷо ба Украина бираванд”.

Тафсилоти дигари ҳодиса ва назари муҳоҷирони дастгиршуда дастрас нест. Вале ФСБ иддао кардааст, ки “аз макони зисти террористон 2 василаи таркандаи худсохти барои истифода омода ва гранатаҳои дастӣ ёфта ва гирифта шуд”.

Ин боздоштҳо дар пайи ҳамлаи хунини рӯзи 22 марти соли 2024 дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав аст, ки 144 кушта ба ҷо гузошт. Бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла дастикам 17 нафар дастгир шудаанд, ки 15 нафараш, аз ҷумла ҳамаи 4 муттаҳами асосӣ, зодагони Тоҷикистонанд. Масъулияти ҳамлаи Краснорскро созмони террористии ДОИШ ба дӯш гирифт, вале мақомоти Русия ҳамчунон талош доранд, ки Украинаро ба байн кашида, ба даст доштан дар ин ҳамлаи хунин айбдор кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button