ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ПУЛИС ДАР КРАСНОЯРСК АЗ МУҲОҶИРОНИ ДАСТГИРШУДА ХОСТ, БО АРТИШИ РУСИЯ ҚАРОРДОД БАНДАНД (ВИДЕО)

Телеграм-канали русии “Осторожно, новости” хабар дод, ки дар шаҳри Красноярск кормандони пулис ба муҳоҷирони дар ҷараёни рейд барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират дастгиршуда пешниҳод каодааст, ки бо вазорати мудофиаи Русия қарордод баста, соҳиби шаҳрвандии Русия шаванд. 4 нафареро, ки ин пешниҳодро напазируфтанд, аз Русия ихроҷ кардаанд.

Бино ба иттилои пулиси Красноярск, рӯзи 8 апрели соли 2024 кормандони пулис дар як корхонаи маҳаллӣ, корхонаи коркарди чӯбу тахта ва анбори меваю сабзавот рейд гузаронда, ҳуҷҷати 32 муҳоҷирро тафтиш карданд ва 13 нафарро барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дастгир карда, ба шуъбаи пулиси бурданд.

Дар видеои нашркардаи раёсати корҳои дохилии Красноярск дида мешавад, ки як корманди пулис ба муҳоҷирони дастгиршуда муроҷиат карда, ба онҳо бастани қарордод бо вазорати мудофиаи Русияро пешниҳод мекунад.

“Бар асоси қонунгузории Русия, ҳар кадом шумо метавонад бо бастани қарордод бо вазорати мудофиа ва адои хидмати ҳарбӣ метавонад шаҳрванди Русия шавад”, – мегӯяд ин корманди пулис ба муҳоҷироне, ки дар рӯбарӯяш қатор карда шудаанд.

Маълум нест, ки оё ягон нафар аз муҳоҷирони дастгиршуда аз чунин роҳу имкони ба даст овардани шаҳрвандии Русия истифода бурд ва бо артиши ин кишвар қарордод баст ё на?, вале дар хабари пулис гуфта мешавад, ки 4 тан аз муҳоҷирони дастгиршударо аз қаламрави Русия ихроҷ мекунанд ва якеи дигарро 3 ҳазор рубл ҷарима бастаанд. Ба эҳтимоли ғолиб, инҳо муҳоҷироне мебошанд, ки аз рафтан ба артиши Русия даст кашидаанд.

Мақомоти Красноярск ахиран хабар доданд, ки аз аввали соли 2024 дар ин минтақа 165 муҳоҷири собиқи шаҳрвандии Русияро бадастоварда ошкор карда шуданд, ки худро дар комиссариатҳои ҳарбӣ сабти ном накрадаанд. Ба иддаои мақомот, беш аз 10 нафари онҳо “бо хоҳиши худ” бо вазорати мудофиаи Русия қарордод баста, ба артиш рафтанд.

Артиши Русия, ки ба сабаби талафоти сангин дар ҷанги Украина ба нирӯҳои нав эҳтиёҷи сахт пайдо кардааст, талош дорад, то шумори ҳарчӣ бештари муҳоҷирони соҳиби шаҳрвандии Русия шударо ба саффи худ ҷаоб кунад. Ҳамин тавр, муҳоҷиронеро, ки ҳанӯз шаҳрвандии Русияро надоранд, бо ваъда ба осонӣ гирифтани шаҳрвандӣ боисрор ташвиқ мекунанд, ки бо вазорати мудофиаи Русия қарордод банданд. Аксари ин сарбозони қарордодиро ба ҷанги зидди Украина мебаранд.

Хуршеда Ҳамроқулова, раҳбари маркази фарҳангии тоҷикони Маскав рӯзи 4 апрели соли 2024 дар як нишасти бахшида ба ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир тақрибан 700 зодаи Тоҷикистон дар Украина дар саффи артиши Русия меҷанганд.

Дар матбуот то имрӯз дар бораи дар ҷанги Украина ба ҳалокат расидани тақрибан 100 зодаи Тоҷикистон, аз ҷумла беш аз 30 тан аз маҳбусони тоҷики зиндонҳои Русия, гузоришҳо нашр шудаанд. Ба истиснои як ило ду нафар, боқӣ ҳамаи ин тоҷикҳои дар Украина кушташуда аз тарафи Русия меҷангиданд.

Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳо дар қаламрави кишварҳои дигар ҳамчун ҷазо то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Вале бо гузашти беш аз 2 сол аз замони шурӯи ҷанги Русия бо Украина ва расонаӣ шудани хабари иштироки садҳо тоҷикистонӣ дар ин ҷанг, то ҳол дар бораи ягон мавриди боз шудани парвандае ба зидди шаҳрвандони тоҷик барои иштирок дар ин муноқишаи мусаллаҳона хабаре ба дастҳо нарасидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button