ПУТИН ВА АРТИШИ РУСИЯРО ТАНҚИД МЕКАРД… ҲАБСИ ЯК ҚАССОБИ ТОҶИК ДАР НОВОСИБИРСК (ВИДЕО)
Додгоҳи ноҳияи Калинини шаҳри Новосибирски Русия рӯзи 3 апрели соли 2024 дархости тафтишотро қонеъ сохта, шаҳрванди Тоҷикистон Далерҷон Очиловро қонеъ сохт ва ӯро то 1 июни соли 2024 ба ҳабси пешакӣ гирифт. Далерҷон Очилов ба авбошӣ ва паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи ҷанги Русия ба зидди Украина айбдор мешавад. Боздошти ӯ бар асоси шикояти як қассоби дигари бозори Новосибирск сурат гирифт.
Бо вуҷуди он, ки муаллифи шикоят нисбат ба қассоби тоҷик ҳамчун рақиб ғарази шахсӣ дошт, ба шикояти ӯ раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин, ки бо мавқеи ошкоро ба зидди муҳоҷирон ном баровардааст, таваҷҷуҳ нишон дод ва талаб кард, ки Далерҷон Очиловро ба ҷавобгарӣ бикашонанд. Баъди ин “амр аз болои боло” ба зидди қассоби тоҷик бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Русия: моддаи 213, қисми 1 (авбошӣ) ва моддаи 207, иловаи 3, қисми 2 (паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи амалҳои артиши Русия) парвандаи ҷиноятӣ кушоданд. Ҳоло дар Русия ҳатто барои онки ҷанги зидди Украинаро на “амалиёти махсуси ҳарбӣ”, балки ҷанг ном баред, метавонанд ба зидди шумо парванда кушоянд.
Худи Далерҷон Очилов ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале канали расмии додгоҳҳои вилояти Новосибирск дар шабакаи “ВКонтакте” хабар дод, ки “бино ба фарзияи мақомоти тафтишоти пешакӣ, Далерҷон Очилов аз феврали сорли 2022 то 19 марти соли 2024 дар ду маркази савдои шаҳри Новосибирск дар маҳзари ом дар бораи мақсаду шева ва ҷараёни амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави Украина, ДНР, ЛНР ва вилоятҳои Херсону Запорожйе ва дар бораи амалҳои президенти Русия дар чорчӯби ин амалиёти махсуси ҳарбӣ маълумоти бардурӯғ паҳн карда, ҳамчунин бо изҳори беэҳтиромии яқин дар заминаи адовати миллӣ нисбат ба шаҳрвандони Русия, низомиёни вазорати мудофиаи Русия, ки вазифаи худро дар чорчӯби ин амалиёти махсуси ҳарбӣ иҷро мекунанд, бо лафзи қабеҳ ва пурдашном иҳори назар мекард, занони русро таҳқир мекард ва ҳамчунин қарори президент ва ҳкумати Русия дар бораи доир кардани амалиёти махсуси ҳарбиро маҳкум мекард”.
Очилов соли 2012 аз Тоҷикистон ба Русия омада, соли 2021 ҳаққи иқомат гирифт ва тоза моҳи феврали соли 2024 барои гирифтани шаҳрвандии Русия ариза дода буд. Акнун гумон аст, ки ба ӯ шаҳрвандии русӣ бидиҳанд.
Ба болои ин, хабар медиҳад хадамоти матбуоти додгоҳҳои вилояти Новосибирск, “муайян карда шуд, ки аъзои оилаи ӯ – зан ва фарзандонаш – аз моҳи ноябри соли 2022 дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ ба сар мебаранд”.
Қарори ҳабси пешакии Далерҷон Очилов ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст. Ба қассоби тоҷик бар асоси қисми аввали моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия барои авбошӣ ҳамчун ҷазо аз ҷаримаи вазнин то 5 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад. Аммо бар асоси қисми дуюми моддаи 207, иловаи 3 барои паҳн кардани “фейк” дар бораи артиши Русия ва танқиди президент Путин ва ҳукумати ӯ Далерҷон Очиловро метавонанд аз 3 миллион то 5 миллион рубл ҷарима банданд ваё аз 5 то 10 сол равонаи зиндон кунанд.
Аксҳо ва видео аз идораи департаменти додгоҳии вилояти Новосибирск