ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ БО ГУМОНИ “АЛОҚА БО НИҲОДҲОИ ҶОСУСИИ УКРАИНА”

Телеграм-канали ба мақомоти қудратии Русия наздики “Мash” рӯзи 26 марти соли 2024  хабар дод, ки як ҷавони 29-солаи зодаи Тоҷикистон дар Маскав бо гумони “иртибот бо ниҳодҳои ҷосусии Украина” дастгир шудааст.

 “Шоми гузашта кормандони ДПС мошини тамғаи “Mazda 3”-ро, ки аз ҷониби Қаҳрамон Мерганови 29-сола идора мешуд, манъ карданд. Ронанда хеле асабонӣ ба назар мерасид ва аз ин рӯ кормандони пулис тасмим гирифтанд, ки ӯро кофтукоб кунанд. Дар телефони ӯ кормнадони пулис мукотибааш бо шаҳрвандони Украина ва Тоҷикистонро пайдо карданд, ки лаҳнаш зидди Русия буд. Маълум гардид, ки қаблан Мерганов худаш ҳам як муддат дар Киев зиндагӣ кардааст. Пулис ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ кардааст — телефон ва мошини Қаҳрамонро ба ин далел муваққатан аз дасташ гирифтанд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Тафсилоти дигаре оварда нашудааст. Маълум нест, ки ин ҷавони тоҷикро дар кадом қисмати Маскав манъ карданд ва ӯ дар пойтахти Русия чӣ кор мекард. Дар Интернет дар бораи ӯ ягон маълумоти дастрас ба ҷуз аз хабари боздошти ахираш вуҷуд надорад.

Худи Қаҳрамон Мерганов ваё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд.

Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи “ҳимоят аз сокинони русзабони Донбасс” ба Украина ҳамла кард. Тайи инак беш аз 2 соли ин ҷанг, ки дар Русия онро ҳамчунон сарсахтона на ҷанг, балки “амалиёти махсуси ҳарбӣ” (СВО) номаш мебаранд, аз ҳарду тараф даҳҳо ҳазор нафар кушта ва садҳо ҳазори дигар захмию маъюб шуданд. Дар байни кушташудагон тақрибан 100 зодаи Тоҷикистон низ ҳаст, ки аксари куллаш аз тарафи Русия меҷангид.

Дар умум баъди шурӯи ҷанги зидди Украина дар Русия мавридҳои боздошти афрод бо иттиҳоми ҷосусӣ ва хиёнат ба Ватан афзоиш ёфтааст. Аксари ин парвандаҳо марбут ба “ҳамкорӣ бо мақомоти Украина” аст. Ҳоло дар Русия мақомот бо ҳар нафаре, ки бо Украина мукотиба дорад, бо назари шубҳа менигаранд ва дар ҳар ҳодиса изи Украинаро меҷӯянд.

Ҳатто дар ҳамлаи хунини шоми 22 март дар Красногорск, бо вуҷуди масъулияти онро ба дӯши худ гирифтани созмони террористии ДОИШ, мақомоти Русия, аз ҷумла президент Владимир Путин, пойфишорона талош доранд, ки изи Украинаро пайдо кунанд.

Боздошти Қаҳрамон Мерганов нахустин мавридҳои ҳабси зодагони Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми “ҳамкорӣ бо мақомоти Украина” нест.

Аз ҷумла моҳи сентябр соли 2023 ҳунарпешаи 32-солаи синамо аз Тоҷикистон Шарифҷон Тиллозода дар вилояти Маскав дастгир шуд ва ФСБ Русия баъдан Тиллозодаро ба ҷосусӣ барои Украина айбдор кард. Гуфта мешуд, ки гӯё Тиллозода кадом минтақаҳои махфиро дар атрофи Маскав барои мақомоти Украина наворбардорӣ кардааст.

Ва аммо алакай баъди ҳабси Тиллозода маълум шуд, ки ӯ ҳанӯз дар миёнаҳои моҳи сентябр ба расонаҳо видеое фиристода, дар он гуфтааст, ки дар як машқгоҳи ҳарбӣ машқ карда истодааст ва “маҷбур аст, ки ба ҷанг биравад, чунки илоҷи дигар надорад”.  Тиллозода дар ин навор шарҳ надодааст, ки чаро маҷбур аст, ки ба ҷанг биравад?

Аз он қабл, моҳи декабри соли 2022 ФСБ Русия зодаи Тоҷикистон Дадобоев Фирӯз Темирбоевичро, ки  шаҳрвандии Русияро дорад, ба хиёнат ба давлат айбдор кард. Дар додгоҳи ноҳияи Лефортовои шаҳри Маскав танҳо зодаи Тоҷикистон будани Дадобоевро тасдиқ карда, гуфтаанд, маълумоти боқимонда дар бораи ӯву парвандааш зери муҳри махфист.

Ба ин сурат маълум нашуд, ки Фирӯз Дадабоев, ки ба ҷосусӣ ба манфиати кадом кишвар айбдор мешуд? Бино ба маълумоти сомонаи Бизнесразведка.РФ, Дадабоев Фирӯз Темирбоевич, санаи таваллудаш 12 январи соли 1977, аз соли 2008 ба ҳайси муҳандиси пуштибонии фанннии ширкати ҳавопаймоии “Сибир” (S7)  дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав кор мекард ва масъулияти хидматрасонии фаннӣ ва таъмини барномасозии компютерҳо ва дигар техникаи ин ширкати ҳавопаймоиро бар уҳда дошт.

Дар бораи сарнавишти баъдии Тиллозода ва Дадобоев баъди боздошташон дигар ягон хабар нашр нашуд. Маълум нест, ки оё онҳо бо ҳамон иттиҳомоти ҷосусӣ ва хиёнат маҳкум шуданд ё на?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button