АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

МАРЗБОНОНИ ТОҶИК ЧАНД ҶАНГАЛРО ДАР ҚАЛАМРАВИ АФҒОНИСТОН ОТАШ ЗАДААНД (ВИДЕО)

General Plus (“Ҷенерал Плас”), як Ютуб-канали хабарӣ, ки асосан масоили Афғонистонро пайгирӣ мекунад, рӯзи 24 марти соли 2024 бо такя ба манобеи маҳаллӣ дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Тахор хабар дод, ки нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон бахшҳое аз ҷангалзорҳои воқеъ дар марзи ноҳияҳо, ё вулусволиҳои Дашти Қалъа ва Дарқадро оташ задаанд.

Ин ду вулусволӣ дар марз бо ноҳияҳои Ҳамадониву Фархор ва Панҷи вилояти Хатлони Тоҷикистон ҷойгир шудаанд ва аз масирҳои умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” ба шумор мераванд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон, аз ҷумла Сарраёсати қӯшунҳои сарҳаддии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ва ҳамин тавр, намояндагони ҳаракати тундрави Толибон, ки аз августи соли 2021, инак дуюним сол боз умури давлати Афғонистонро ғасб кардаанд, то ҳол ин хабарро шарҳ надодаанд.

Аммо манобеи маҳаллӣ дар Тахор рӯзи шанбе, 23 март гуфтаанд, ки марзбонони тоҷик бо мақсади ҷилавгирӣ аз вуруди қочоқбарони маводи мухаддар ва гуруҳҳои силоҳбадаст вориди марзи Афғонистон шуда, ҷангалҳоро дар ин сӯи марз оташ задаанд.Ба эҳтимоли ғолиб, ин ҷангалҳо аз сӯи қочоқчиён ҳамчун пинҳонгоҳи маводи мухаддиру силоҳ қабл аз убури марз ва интиқоли маводи мухаддир истифода мешуд ва дарахту буттаҳои анбӯҳ ба марзбонони тоҷик имкон намедод, ки ҳаракат ва равуои дар он тарафи марзро ба хубӣ назорат кунанд.

Дар вақтҳои охир, ба нигарониҳои ҷониби Тоҷикистон аз самти Афғонистон бар иловаи қочоқи маводи мухаддир боз хатари марзро рахна кардани гуруҳҳои силоҳбадасти мухолифини мусаллаҳи ҳукумати кунунии президент Эмомалӣ Раҳмон афзудааст.

Бино ба гуфтаи манобеи канали “Ҷенерал Плас”, вақтҳои охир аз тариқи рустои Бӯстони вулусволии Дарқад ва бахшҳое аз вулусволии Дашти Қалъаи вилояти Тахор ҳамвора қочоқи маводи мухаддир ба тарафи Тоҷикистон сурат мегирифт ва ин чандин бор сабаби даргириҳои мусаллаҳона дар марз байни марзбонҳои тоҷик ва қочоқбарони маводи мухаддир ҳам шуда буд.

Манобеъ дар Тахор аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки ҷангалҳо бештар дар қаламрави Афғонистон оташ гирифтанд ва ин боиси ҷиддан олуда шудани муҳити зист шудааст.

5 ноҳияи вилояти Тахор: Дашти Қалъа, Дарқад, Чоҳоб, Хӯҷа Баҳовуддин ва Хӯҷа Ғор дар марз бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1425 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон, табдил ёфтааст.

Аз тақрибан 7 ҳазор тоҷикистоние, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, тақрибан чорякаш барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд. Ҳамин тавр, аз наздики 11 ҳазор маҳбуси зиндонҳои Тоҷикистон низ як бахши аъзамашро афроди муҷрим дар гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъадор ташкил медиҳанд.

Дар давоми соли гузаштаи 2023 дар қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти гуногун дар маҷмӯъ 5 тоннаю 282 килою 814 грамм маводи нашъаовар мусодира карда шудааст. Соли 2022 дар Тоҷикистон наздики 5 тонна ( дақиқтараш 4 тоннаю 991 кило) маводи мухаддири мусодира шуда буд. Дар Душанбе мегӯянд, баъди дар Афғонистон ба қудрат расидани Толибон қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” рӯ ба афзоиш овардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button