ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ДОНИШҶӮИ ТОҶИК ДАР ЯК ҚИТЪАИ ОВОЗДИҲӢ ДАР РУСИЯ ПЕТАРДАРО КАФОНДААСТ

Дониёрҷон ном ҷавони 22-сола аз Тоҷикистон, ки донишҷӯи коллеҷи тибби шаҳри Тоболски вилояти Тюмени Русия будааст, ба доми фиреби қаллобон афтода, ба хотири баргардондани қариб 2 миллион рубл пулҳои аздастдодааш рӯзи 15 марти соли 2024 дар ҷараёни рӯзи аввали овоздиҳӣ дар интихоботи президенти Русия дар як қитъаи интихоботӣ дар шаҳри Тоболск петардаро кафондааст. Дар ин бора Телеграм-канали ба мақомоти қудратии Русия наздики “База” бо такя ба манобеи худ дар мақомот хабар дод.

Бино ба иттилои манобеи “База”, рӯзи 15 март ба Дониёрҷон шахсони ношинос занг зада, худро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ кардаанд. Ин қаллобон бо роҳи фиреб ба боварии донишҷӯи тоҷики коллеҷи тиббии Тоболск даромада, ӯро мутақоид сохтаанд, ки ҳисобҳои бонкиаш таҳти хатар қарор дорад. Бо ҳамин васила, онҳо Дониёрҷонро моил кардаанд, ки аз бонкҳо қарз бигирад ва ба ҳисобҳои гуфтаи онҳо бифиристад. Дониёрҷон ба ин қаллобон бовар карда, ба ҳисобҳои нишондодаи онҳо маблағи хеле бузург:  1 миллиону 880 ҳазор рубл, баробари 20 ҳазор долларро интиқол додааст.

Баъди ин қаллобон ба донишҷӯ “фаҳмондаанд”, ки ӯ метавонад пулҳояшро пас бигардонад, вале барои ин бояд дар қитъаи овоздиҳӣ гон петардаро битарконад. Дониёрҷони фирефташуда ба ин ваъдаи қаллобон ҳам бовар карда, ба мағозаи фурӯши пиротехника рафтааст ва як петарда харида, бо худ ба қитъаи овоздиҳии воқеъ дар бинои гимназияи ба номи Литсман дар касаба ё микрорайони ҳафтуми шаҳри Тоболск рафтааст. Дар толори овоздиҳӣ Дониёрҷон петардаро кафонданӣ шудааст, вале он дар дасташ таркидааст ва ҷавон аз ноҳияи панҷаи дасти чап ва пешониаш ҷароҳат бардоштааст.

Баъди таркондани петарда Дониёрҷонро дастгир кардаанд. Ба ҷавони тоҷикистонӣ бар асоси моддаи 141 Кодекси ҷиноятии Русия барои монеъ шудан ба рафти овоздиҳӣ дар интихобот ҳамчун ҷазо ҷаримаи ҳангуфт, ё корҳои ҳатмӣ ё ислоҳӣ, ё то 6 моҳи ҳабс ваё то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Хотиррасон мекунем, ки аз 15 то 17 марти соли 2024 дар Русия овоздиҳӣ дар интихоботи президентӣ ҷараён дорад. Президенти кунунии Русия Владимир Путин, ки аз соли 2000, инак 24 сол боз раҳбарии Русияро дар даст дорад, бори панҷум номзадиашро пешбарӣ кардааст ва дар сурати пирӯзиаш, ки ҳамагон пирӯзии Путинро як амри яқин мешуморанд, замони раёсаташро барои боз 6 соли дигар тамдид мекунад.

Дар баробари Путин 3 номзади дигар аз ЛДПР, ҳизби коммунист ва ҳизби “Одамони нав” (“Новые люди”) ҳам сабти ном шудаанд, вале ҳеҷ кадоми онҳо аз нуфуз ва обрӯи кофие дар ҷомиаи Русия бархӯрдор нест ва ба бовари нозирони умур, дар ин маърака нақши сирф номзадҳои намоиширо бозӣ мекунанд, то ки интихоботи президенти Русия ҳадди ақал ба зоҳир алтернативӣ намоиш бидиҳанд. Номзадҳои мухолифи режими Путин ба интихобот роҳ дода нашуданд.

Ба ин далел, раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел алакай рӯзи 15 март Путинро бо пирӯзии “мутлақ” “табрик” кард. Дар Ғарб Путинро ба он айбдор мекунанд, ки тайи солҳои ҳукмрониаш дар Русия як режими худкомаи мабнӣ бар парастиши шахси худро бунёд карда, мухолифони худро аз саҳна ронд ва ҳатто нобуд кард ва ба болои ин, бо ҷангаш ба зидди Украина Русияро дар инзивои шадид ва таҳти таҳримоти сангини кишварҳои Ғарб қарор додааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button