ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ 4 КОРМАНДИ ТАШКИЛОТИ ЭКОЛОГИИ “БАРГИ САБЗ” ДАР ЯК САДАМАИ МАРГБОР ДАР ДАРВОЗ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 14-уми марти соли 2024, тахминан соати 12:30,дар километри 308-уми шоҳроҳи «Душанбе-Кӯлоб – Қалъаихумб – Хоруғ – Кулма», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз, байни деҳаҳои Хостав ва Жак ронандаи мошини ҷипи тамғаи “Тойота-Ланд Крузер”, Абдулмуминов Убайдулло Хайруллоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Данғара, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хоруғ ҳаракат мекард, аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст ва ба самти муқобили роҳ баромада, ба қисми пеши тарафи чапи мошини боркаши тамғаи “Шакман”, таҳти идораи ронанда, Ғуломалиев Назрӣ Абдулалишоевич, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Шуғнон, ки аз самти ноҳияи Мурғоб ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷа ронандаи ”Тойота-Ланд Крузер” ва мусофирони он; Алиназаров Муяссар Музаффарович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Хоруғ, Тағаймуродов Диловар Мирзомуродович, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Душанбе, Музафаршоев Имомназар Худойназарович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Шуғнон, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмони бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари ин мошин Ҷумъаев Ҷонибек Ҷурамуродович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
ВКД гуфт, оиди ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, дар ташкилоти ҷамъиятии “Барги сабз” гуфтанд, ки ронанда ва мусофирони ин мошини ҷип кормандони ҳамин созмони экологӣ буданд, ки бо сафари хидматӣ барои роҳандозии як лоиҳаи марбут ба муҳити зист ба Хоруғ сафар доштанд. Ба гуфтаи ҳамкоронашон, мошини кормандони “Барги сабз” дар мавзеи Норинг дар байни деҳаҳои Хостав ва Жаг-Марғи ҷамоати Нулванд дучори садама шудааст.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохт, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд. Роҳҳои харобу валангор,  суръати баланд, риоя накардани қоидаҳои ҳаракат аз сабабҳои умдаи садамаҳои маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button