ВарзишВидео

МАНУЧЕҲР ҶАЛИЛОВ БАЪДИ ТАБОБАТИ САРАТОН БА МАЙДОН БАРГАШТ

Бошгоҳи “Истиқлол” (Душанбе) хабар дод, ки Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари шуҳратёри ин даста пас аз табобати бемориаш ба майдон баргашт ва дар бозии санҷишӣ бо дастаи “Спартак-2” (Маскав) Манучеҳр дар дақиқаи 72-юм ба ҷои Ҳамадонӣ Камолов ба майдон баромад. Ин бозии дӯстона рӯзи 8 март дар Туркия баргузор гардида, бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт.

Бори охир Манучеҳр Ҷалилов моҳи июни соли 2023 ба майдон баромада буд ва баъди ин чандин моҳ дар як бемористони шаҳри Маскав аз бемории саратон табобат мегирифт. Мухлисон ин ҳама муддат аз ӯ пуштибонӣ мекарданд ва футболбозони “Истиқлол” низ чандин дафъа бо либосҳое ба майдон баромаданд, ки дар онҳо “Манучеҳр, мо бо туем!” навишта шуда буд.

Мухлисон бозгашти Манучеҳр Ҷалиловро ба майдон фоли нек ва барои ҳама муборак гуфта, навиштаанд, ки набудани ин футболбози қавӣ бахусус дар Ҷоми Осиё дар Қатар сахт эҳсос мешуд. Тими миллии Тоҷикистон бори аввал дар таърихаш то ба марҳалаи чорякниҳоии ин мусобиқа роҳ ёфт, вале мухлисон мутмаинанд, ки агар Манучеҳр Ҷалилов, голзани беҳтарини тими миллӣ ҳам дар майдон мебуд, футболбозони тоҷик имкони то ба марҳалаҳои баъдиву ба даст овардани медалҳои Ҷоми Осиёро доштанд. Манучеҳр ҳамроҳи тими миллӣ ба Қатар рафта буд, вале мутаассифона, танҳо ба сифати тамошобин.

Моҳи феврал “Истиқлол” хабар дод, ки Манучеҳр Ҷалилов ҳамроҳ бо ҳайъати даста барои тамрин ба Туркия меравад.

Манучеҳр Ҷалилов 27 сентябри соли 1990 дар Ҳисор ба дунё омадааст. Манучеҳру писари амакаш Алишер Ҷалиловро волидони онҳо соҳибкорони шинохта Насрулло ва Лутфулло Ҷалиловҳо ҳанӯз дар овони кӯдакӣ ба Маскав бурда, ба мактаби футболи тими машҳури “Локомотив” доданд. Манучеҳр Ҷалилов собиқаи варзишиашро аз ҳайъати ҷавонони “Локомотив” (Маскав) сар карда, солҳои 2009 ва 2010 дар “Локомотив-2” ва сипас як муддати кӯтоҳ дар ҳайъати дастаи “Горнк” аз шаҳри Учалии Бошқирдистон бозӣ карда, аз соли 2011 то 2014 дар ҳайъати дастаи “Нефтехимик” аз шаҳри Нижнекамски Тотористон ҳунарнамоӣ кард. Манучеҳр Ҷалилов соли 2015 ба Тоҷикистон баргашт ва бо “Истиқлол” қарордод баст.

Манучеҳр Ҷалилов аз соли 2011 дар ҳайъати тими миллии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад ва бо 22 гол яке аз нишонзанҳои беҳтарини тими миллӣ ба шумор меравад. Соли 2022 Манучеҳр  Ҷалилов беҳтарин футболбози соли Тоҷикистон эълон шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button