АфғонистонВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

СӮХТОР ДАР БОЗОРИ “БАҲОР” (“ОҲАНБОЗОР”) ДАР ШАҲРИ БОХТАР ЧАНД ДӮКОНРО БА КОМИ ХУД КАШИД

Субҳи 7 марти соли 2024 бар асари сӯхтор дар бозори “Баҳор” дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа), маркази маъмурии вилояти Хатлон чанд дӯкон ба коми оташ рафтааст. Ба гуфтаи мақомот, сӯхтор тахминан соати ҳафти субҳ дар растаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошинҳо сар зада, аксаран дӯконҳои шаҳрвандони Афғонистонро ба коми худ кашидааст. Хабарнигори “Фараж” дар бораи зарар дидани тахминан 7 дӯкон хабар дод, вале Валиҷон Бекиҷонзода аз Хадамоти сӯхторнишонии шаҳри Бохтар дар бораи зарар дидани 6 дӯкон хабар дода гуфтааст, барои фурӯ нишондани оташ мошинҳои оташнишонӣ аз ноҳияҳои бо маркази вилояти Хатлон ҳамсояи Вахшу Кӯшониён низ даъват карда шуданд.

Сабаби сӯхтор ва ҳаҷми зарари расондааш ҳанӯз маълум нест. Мақомот гуфтанд, сабаби сӯхтор ва ҳаҷми зарари онро гуруҳи корӣ таҳқиқ мекунад.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон бозорҳо дучори сӯхтор мешаванд. Мақомот дар аксари кулли маворид расиши кӯтоҳи ноқилҳоро сабаби  ин офатҳо меноманд, вале бозорнишинҳо гоҳо дар бораи эҳтимоли қасдан оташ задани дӯконҳояшон ҳарф мезананд.

Соли 2023 дар Тоҷикистон 1236 сӯхтор рух дода, ин офатҳо боиси ҳалокати 23 нафар шудаанд. Ҳаҷми зарари расида аз сӯхтор дар соли гузашта қариб 48 миллион, ё тақрибан 4,4 миллион долларро ташкил додааст. Соли 2022 дар Тоҷикистон дар 1234 сӯхтор 18 нафар ҷон бохта буданд.

Бозори “Баҳор” дар Бохтар бо номи бозори “Шаҳло” ва “Оҳанбозор” ҳам маъруф аст.

Шаҳри Бохтар, ки то соли 2018 Қӯрғонтеппа ном дошт, ҳудуди 130 ҳазор аҳолӣ дошта, дар 100-километрии ҷануби Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

https://www.facebook.com/reel/925787555653311

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button