ВарзишВидео

ДАР ЛИГАИ ОЛИИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ИМСОЛ 12 БОШГОҲ БОЗӢ МЕКУНАНД

Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 5 марти соли 2024 тасмим гирифт, ки дар мавсими нав теъдоди иштирокчиёни лигаи олии қаҳрамонии Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Аз имсол ба ҷои 10 бошгоҳ дар лигаи олии футболи Тоҷикистон 12  бошгоҳ рақобат хоҳанд кард.

Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод, ки “тибқи протоколи мулоқоти президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ бо аҳли ҷомеаи футболи кишвар, ки дар он масъалаи афзоиши дастаҳо дар ҳамаи лигаҳои кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, кумитаи иҷроияи ФФТ тасмим гирифт, ки шумораи иштирокчиёни лигаи олиро аз 10 ба 12 даста расонад. Шумораи иштирокчиёни лигаи якуми Тоҷикистон низ зиёд карда мешавад”.

Дар айни замон, бар асоси натоиҷи раванди литсензиягирии бошгоҳҳо маълум шуд, ки дастаи «Файзканд»-и Восеъ ба далели мушкилоти молиявӣ ва зербиноӣ (инфрасохторӣ) дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ширкат карда наметавонад. Дастаи ноҳияи Восеъро дар лигаи олӣ барандаи медали биринҷии мавсими гузашта дар лигаи якум бошгоҳи «Барқчӣ»-и Ҳисор, ки аз расмиёти литсензиягирӣ бомуваффақият гузашт, иваз мекунад.

Илова бар ин, бинобар ба 12 адад расидани шумори дастаҳо дар чемпионати Тоҷикистон-2024 тасмим гирифта шуд, ки дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Вахш»-и Бохтар, ки соли гузашта дар лигаи олӣ ду зинаи аз ҳама охирро ишғол карда, ба лигаи якум “бадарға” шуда буданд,  ҳунарнамоияшонро дар лигаи олӣ идома диҳанд, зеро ин бошгоҳҳо, тавре Федератсияи футбол шарҳ дод, “ба талаботи чемпионати Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, бомуваффақият аз иҷозатномадиҳӣ гузаштанд”.

Вале дастаҳои «Хулбук» ва «Моҳир», ки дар мавсими гузаштаи лигаи якум ҷойҳои чорум ва панҷумро гирифтанд ва довталаби ду ҷои изофии пайдошуда дар лигаи олӣ буданд, бино ба ташреҳи Федератсия, “бино бар риоя накардани талаботи муқарраршудаи низомномаи иҷозатномадиҳӣ ба бошгоҳҳои лигаи олии Тоҷикистон” ба лигаи олӣ роҳ дода нашуданд.

Тибқи қарори кумитаи иҷроияи ФФТ, мавсими нави мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду давра баргузор шуда, ҳар як даста дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бо ҳам бозӣ мекунанд. Умуман, дар мавсим ҳар як тим 22 бозӣ мегузаронад. Дастае, ки дар мавсими соли 2024-и лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум меравад ва бошгоҳе, ки дар чемпионат ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.

Бо қарори Кумитаи иҷроияи ФФТ, мусобиқаҳои 33-юмин чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 6 апрел оғоз мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button