ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

2 ОФАТИ ТАБИӢ ДАР БАДАХШОН: ЗАМИНЛАРЗА ДАР МУРҒОБ ВА ТАРМА ДАР РӮШОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки тайи рӯзҳои истироҳат дар қаламрави вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи кишвар заминларза ва лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Гуфта мешавад, ин офатҳо талафоти ҷониву хисороти дигар ба ҷо нагузоштаанд.

Бино ба гузориши Хадамоти Геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 3 марти соли 2024, соати 12:05 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази ин заминларза дар 460-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 20-километрии ҷануби маркази ноҳияи Мурғоби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир шуда, иқтидори заминларза дар марказаш 3 балл ва дар ноҳияи Мурғоб 2 баллро ташкил додааст. 

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла бино ба иттилои пойгоҳи Еarthquaketrack.com,  дар як моҳи охир дар қаламрави Тоҷикистон 23 заминларза ва дар як соли охир 252 заминларза  рух додааст. Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон, асосан дар ноҳияи Мурғоб рух медиҳанд.

Ҳамчунин шоми 2 марти соли 2024, тахминан соати 18:22 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 21-уми роҳи мошингарди Рӯшон-Бартанг, ки аз ҳудуди рустои Ҷизеви ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшон мегузарад, тарма фаромада, роҳро баст. Барои рафъи паёмадҳои ин офати табиӣ кормандон ва техникаи хадамоти роҳи ноҳия ҷалб карда шуд. Аммо рафъи оқибатҳои фурӯ рехтани тарма қариб як шабонарӯз тӯл кашид ва танҳо нимаи дуюми рӯзи 3 март, соати 15:04 дақиқа ҳаракати мошинҳо ба ду самт дар ин қисмати роҳ таъмин карда шуд.

Соли 2023 дар кӯҳҳои Тоҷикистон 335 ҳолати фурӯ рехтани тармаҳо сабт шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button