ВарзишВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ПИРӮЗИИ БЕЧУНУЧАРОИ ЛОИҚ РАҶАБОВ ДАР UFC БАР АБДУЛКАРИМ АЛ-СЕЛВАДӢ БО НОКАУТ (ВИДЕО)

Шаби 2 ба 3 марти соли 2024 размандаи 32-сола аз Тоҷикистон Лоиқ Раҷабов дар мусобиқаи бонуфузи UFC Fight Night 238 (Vegas 87) дар шаҳри Лас-Вегаси Амрико бо размандаи 28-солаи зодаи Урдун Абдулкарим Ал-Селвадӣ вориди рақобат шуд.

Ин набарди сеюми Лоиқ Раҷабов дар UFC буд ва бо пирӯзии бечунучарои размандаи тоҷик бо нокаути фаннӣ дар даври сеюми рақобат ба анҷом расид.

Лоиқ Раҷабов дар оғози даври сеюм рақибашро бо як зарбаи нишонрас ба нокдаун фиристод ва сипас дар рӯи фарши майдон чунон зери борони мушташ гирифт, ки довари бозӣ маҷбур шуд, рақобатро ба далели ба нокаути фаннб дучор шудани Ал-Селвадӣ қатъ кунад.

Лоиқ Раҷабов дар ҷараёни рақобат бар рақибаш бартарии комил дошт ва 4 дафъа варзишгари зодаи Урдунро ба рӯи фарш афтонда, 39 зарбаи нишонрасаш зад. Дар даври дуюми рақобат Ал-Селвадӣ як каме бартарӣ дошт, вале дар даври сеюм Лоиқ Раҷабов барои ӯ ягон шонс боқӣ нагузошт.

Баъди анҷоми набард Лоиқ Раҷабов эътироф кард, ки дар даври дуюм барои он бой дод, ки “пеш аз оғози ин давр беақлӣ карда, оби зиёд нӯшидам. Пеш аз даври сеюм дигар об нанӯшидам ва ҳарифамро ин дафъа ба осонӣ шикаст додам”.

Лоиқ Раҷабов ҳамчунин ба раҳбари UFC Дана Уайт муроҷиат карда, барои пирӯзиаш 50 ҳазор доллар ҷоиза талаб кард. “Чунки ман ба ин набард беш аз 6 моҳ тайёрӣ дидам ва дар ин муддат маблағи хеле бештар аз 50 ҳазор долларро сарф кардам”, – гуфт размандаи тоҷик.

Лоиқ Раҷабов 17 сентябри соли 1990  дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, мактаби №77-ро дар шаҳри Душанбе ва сипас Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис ё инженери роҳҳои оҳан хатм кардааст.

Соли 2015 Лоиқ Раҷабов ба Олмон рафта, таҳти роҳбарии мураббии зодаи Тоҷикистон Олег Шодиев ҷиддан ба машқу тамрини муҳорибаҳои омехта пардохт. Ӯ дар Олмон 4 камарбанд ба даст оварда, соли 2019 бори аввал дар мусобиқоти лигаи PFL  иштирок кард ва то финали ин мусобиқот роҳ ёфт.

Соли 2022 Лоиқ Раҷабов ба UFC роҳ ёфт ва 5 марти соли 2023 дар нахустин набардаш дар ин муътабартарин лигаи ҷаҳонии ҷангҳои бидуни қоида Эстебан Рибович аз Аргентинаро шикаст дод, вале дар набарди дуюмаш аз Матеуш Рибетский бо нокаути фаннӣ мағлуб шуд.

Лоиқ Раҷабов оиладор аст ва се фарзанд дорад.

UFC муътабартарин лигаи ҷаҳонии ҷангҳои бидуни қоида (ММА) ба шумор меравад. Аз соли 2022 ба ин тараф а 4 разманда аз Тоҷикистон – Муҳаммад Наимов, Муин Ғафуров, Нурулло Алиев ва Лоиқ Раҷабов муяссар шуд, ки ба ин лига роҳ биёбанд. Муҳаммад Наимов дар UFC алакай се пирӯзӣ, Лоиқ Раҷабов ду пирӯзӣ ва Нурулло Алиев як ғалаба ба даст овардаанд, вале Муин Ғафуров ҳанӯз ҳисоби пирӯзиҳои худро дар ин лига боз накардаааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button