ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

ТАРМА ДАР ИШКОШИМ ВА ЯРЧУ САНГРЕЗ ДАР ЛАБИ ҶАР РОҲҲОРО БАСТАНД

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз баста шудани роҳҳо дар Бадахшон ва водии Рашт бар асари тармаву ярчу сангрез хабар дод.

Аз ҷумла шоми 29 феврали соли 2024, соати 18:13  дар километрҳои 31-32-юми роҳи Хоруғ-Ишкошим, дар ҳудуди деҳаи Баржири ҷамоати ба номи А. Замирови ноҳияи Ишкошими вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон тарма фаромада, роҳро баст. Барои тоза кардани роҳ як техникаи махсус сафарбар гардида, роҳ алакай соати 19:20, яъне баъди як соат кушода шуд.

Субҳи 29 феврали соли 2024, соати 06:30 бар асари барфбории давомдор, дар километрҳои 11-ум ва 12-уми роҳи мавзеи Лаби Ҷари ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара)  сангрез ба амал омада, роҳро баст. Бо ҷалби кормандон ва техникаи хадамоти роҳи вазорати нақлиёт роҳро тоза карданд ва баъди панҷуним соат, аз соати 12:05 ҳаракати нақлиёт дар инҷо аз сар гирифта шуд. Аммо субҳи рӯзи 1 марти соли 2024 дар километри 18-уми роҳи Лаби Ҷар – маркази ноҳияи Сангвор ярч, яъне хамбидани як бораи кӯҳ,  ҳамроҳ бо сангрез боиси дигарбора масдуд шудани роҳ шуд. Бо ҷалби як техникаи махсус роҳро тоза карданд ва соати 08:20 роҳ барои равуо боз шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ёдовар шудааст, хатари тармаву ярчу сангрез дар роҳҳои кӯҳистони Тоҷикистон камаш то 4 март боқӣ мемонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button