ВарзишВидеоСиёсат

ЗАЙНУЛЛО ШАРИФЗОДА АЗ ХОНАВОДАИ ПУРНУФУЗИ СОҲИБОВҲО ПРЕЗИДЕНТИ “ВАХШ” ШУД

Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 26 феврали соли 2024 аз иваз шудани роҳбарияти бошгоҳи машҳури футболи “Вахш”-и шаҳри Бохтар хабар дод. Бино ба иттилои ин манбаъ, раҳбарияти нави қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон рӯзи 26 феврал  дар ҷаласаи васеи  бошгоҳи футболи “Вахш” дар шаҳри Бохтар муаррифӣ шуд.

Федератсияи футбол гуфт, Зайнулло Шарифзода президенти нави «Вахш» гардид. Ҳамчунин ситораи маъруфи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев ба ҷойи Исроил Шарифов, ки  тайи 30 сол дар бошгоҳи “Вахш” кор кард,  мудир, ё директори даста таъйин шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа ба Исроил Шарифов аз номи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шаҳрдории Бохтар барои хидматҳояш сипоснома тақдим кардаанд.

Гуфта мешавад, роҳбарияти нави «Вахш» дар назди даста вазифа гузоштааст, ки бояд ба лигаи олии чемпионати Тоҷикистон баргардад ва анъанаҳои бошгоҳ – мубориза барои ҷоизаҳои баланд ва омода кардани бозигарон барои тими яккачини Тоҷикистонро идома диҳад.

“Вахш”, ки чанд соли охир номашро ба “Хатлон” иваз карда буданд, соли гузашта дар лигаи олии футболи Тоҷикистон зинаи аз ҳамаи охиринро гирифт ва аз лигаи олӣ хориҷ шуд. Ин даста имсол дар лигаи якум барои бозгашт ба лигаи олӣ талош хоҳад кард.

Чанде пеш Тоҳирҷон Мӯъминов, мураббии шинохтаи тоҷик, баъди тарки дастаи “Равшан”–и Кӯлоб сармураббии “Вахш” таъйин шуд.

Зайнулло Шарифзода (Соҳибов) аз хонаводаи дар Душанбеву Бохтар ва водии Вахш пурнуфузи Соҳибовҳо аз ҷамоати Чапаеви ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ (собиқ Колхозобод) аст. Соҳибовҳо ягона хонаводаеянд, ки бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ду маротиба қудо шудаанд: Муҳаммадзоир (Зоир) Соҳибов, амаки Зайнулло Шарифзода, ба Фирӯза Раҳмонова, духтари калонии президент издивоҷ кардааст, ва Шамсулло Соҳибов, бародари Зайнуллло Шарифзода ва молики ширкати пурҷанҷоли “Фароз” – ба духтари чоруми президент Рухшонаи Эмомалӣ. Фирӯза Раҳмона хонашин аст, вале Рухшонаи Эмомалӣ қаблан дар вазорати хориҷа дар мақомҳои баланд кор кард ва ҳоло сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир мебошад.

Зайнулло Шарифзода солҳои зиёд мудири кулли корхонаи сементи Душанбе буд ва моҳи феврали соли 2020 мудири Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии ҳукумати Тоҷикистон таъйин шуд. Қаблан тайи чандин сол раҳбарии ин агентиро амаки ӯ Зоир Соҳибов дар даст дошт.

Раҳбарии бошгоҳҳои варзишӣ барои хонаводаи Соҳибовҳо таҷрибаи нав нест. Соҳибовҳо як бошгоҳи бузурги гуштинро мечархонанд, ки ба шарафи бобои Зайнулло Шарифзода “Ҳоҷӣ Шариф” номаш кардаанд. Амаки ӯ Зоир Соҳибов чанд сол пеш як муддат спонсори дастаи “Равшан” аз шаҳри Кӯлоб буд.

Исмоили Муҳаммадзоир, писари Зоир Соҳибов, ҳоло президенти Федератсияи гуштини дзюдои Тоҷикистон аст. Худи Зайнулло Соҳибов моҳи ноябри соли 2022 президенти Федератсияи таэквондои Тоҷикистон интихоб шуда буд.

“Вахш” аз бошгоҳҳои қадимтарин ва овозадори футболи Тоҷикистон ба шумор меравад. “Вахш”  дар солҳои шастуми асри 20 таъсис ёфта, дар даврони Шӯравӣ ҳамроҳи дастаи “Хуҷанд” дар лигаи дуюми чемпионати СССР ҳунарнамоӣ мекард. Дар даврони истиқлол “Вахш” се маротиба сазовори унвони чемпиони Тоҷикистон шуда, ду маротиба Ҷоми футболи кишварро ба даст овард. Вале солҳои охир “Вахш” дар ҳолати буҳронӣ қарор дошт, ки поёнаш зинаи охирин дар лигаи олӣ ва ихроҷаш ба лигаи якум шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Бо баҳои ду (2) мактабро хатм кардам, сарам дамм аст! гуяд:

    Агар мактабро бо баҳои аъло (5) хатм мекард, роҳбари бошгоҳи варзишӣ намешуд, ин “вазифа”-ро як бандит ҳам роҳбарӣ карда метавонад. Дар тарҷумаи ҳолаш нест, чанд забонро медонад? Чанд тахассус дорад? Чӣ касбу ҳунар дорад?

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button