ВарзишВидео

“РАВШАН”-И КӮЛОБ БОРИ АВВАЛ ҒОЛИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

«Равшан»-и Кӯлоб таҳти роҳбарии мураббии шинохтаи тоҷик Аҳлиддин Турдиев барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар мавсими соли 2024 гардид. «Равшан» бори аввал дар таърихаш Ҷоми ФФТ-ро ба даст овард.

Дар шаҳри Ҳисор сездаҳумин мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ба анҷом расид. Дар бозии ниҳоӣ дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бар бошгоҳи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Муаллифи голи ғалабаовар футболбози нави тими шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Зарипов гардид, ки дар ниҳоят беҳтарин бозигари финал эътироф шуд.

Дар рақобат барои ҷойи сеюм КМВА-и Душанбе бар дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид.

Мусобиқаҳо барои Ҷоми ФФТ аз соли 2012 ба ин тараф, инак бори 13-ум доир гардид. «Равшан» соли 2020 низ ба финали ин мусобиқа роҳ ёфт, вале он вақт аз тими “Кӯктош” аз ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Барои “Ҳосилот” низ ду дуюмин финал буд. Ин бошгоҳ соли 2022 дар финал аз “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби бузурги 0:4 мағлуб шуда буд.

Аз ҳама бештар – 6 маротиба –  Ҷоми ФФТ насиби “Истиқлол” (Душанбе) шудааст. “Бори охир “Истиқлол” ин ҷомро соли 2021 бо худ бурда буд.

“Регар-ТадАЗ” низ 6 маротиба то ба финали Ҷоми ФФТ расидааст, вале ин Ҷомро се маротиба насиби худ гардонда, дар се бозии дигари финалӣ мағлуб шудааст.

Бошгоҳҳои  «Хайр» (Ваҳдат), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), КМВА (Душанбе) ва «Равшан»-и Кӯлоб якмаротибагӣ соҳиби Ҷоми ФФТ шудаанд.

Натиҷаҳои бозиҳои финалии Ҷоми ФФТ (2012-2024):

2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0

2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Бо зарбаҳои пеналти – 6:5

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1

2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1

2019 – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Истиклол» (Душанбе) – 2:5

2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 1:2

2021 – «Хатлон» (Бохтар) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:1

2022 – «Ҳосилот» (Фархор) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:4

2023 – КМВА (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2024 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:0

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button