ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

САНГРЕЗ ДАР ДАРВОЗ РОҲИ ХОРУҒРО БАСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 20 феврали соли 2024,  соати 08:24 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 285-уми роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ, ки аз қаламрави деҳаи Яхчисори ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвози ВМКБ мегузарад, резиши санг ба қайд гирифта шуд. Ин офати табиӣ боиси масдуд шудани роҳ шудааст.

Дар ҷойи ҳодиса кормандони хадамоти роҳи ноҳия бо ҷалби техникаи махсус фаъолият доранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ахиран бо такя ба маълумоти ҳавошиносон хабар дод, ки камаш то 24 феврали соли 2024 дар ноҳияҳои кӯҳистонии тобеи марз, қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин дар роҳи Душанбе –  Хуҷанд (аз километри 45 то 82)  хатари фурӯ рехтани тармаву сангрез баланд боқӣ мемонад. Кумита хатари тармаву сангрез ва яхбандонро ба вижа дар роҳҳои Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, Душанбе – Рашт -Лахш, Душанбе-Сангвор, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ -Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб баланд арзёбӣ мекунад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар робита ба вуҷуди хатари эҳтимолии лағзиши тарма ва резиши санг дар роҳҳо бори дигар аз мардум хост, ки  аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд. Аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоста шудааст, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд карда, аз иҷрои корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд, инчунин ҳангоми истифодаи таҷҳизоти гармидиҳанда қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.  Аз ронандагон низ хоста шудааст, ки ба вижа ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳистон аз ҳадди аксари эҳтиёт кор гирифта, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла суръат ва фосиларо қатъиян риоя кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button