ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

ТАРМА ДАР РӮШОН РОҲИ ДУШАНБЕ – ХОРУҒРО БАРОИ ЧАНД СОАТ БАСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки 16 феврали соли 2024 дар километри 559 роҳи мошигарди Душанбе-Хоруғ, ки аз тариқи мавзеъи Синсилаҳи ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшон мегузарад, барф ва баъдан тарма боиси он гардид, ки роҳ муваққатан баста шавад. 

Барои бартараф намудани ҳолати ба амаломада кормбандони хадамоти роҳи вазорати нақлиёт ва техникаи ин вазорат ҷалб шуд. Кумита гуфт,  роҳ алакай аз ғарами барф пурра тоза карда шуда, ҳаракати мошинҳо ба ду самт аз сар гирифта шуд.  

Ҳамин тавр, шаби 17 ба 18 феврали соли 2024 дар километри 158-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ як тармаи бузурги паҳноияш 50 метр ва баландиаш 6 метр ба рӯи роҳ фурӯ рехта, 5 мошин зери тарма монд. Ширкати IRS, масъули нигоҳубини роҳи Душанбе –  Хуҷанд –  Чаноқ, хабар дод, ки хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест ва кормандони ин ширкат сари вақт мошинҳоро аз зери тарма берун овардаанд. Аммо тарма ба ҳар сурат равуои нақлиётро тавассути ин ягона роҳи заминии байни вилояти Суғд ва маркази Тоҷикистон барои чанд соат манъ кард.

Ширкати IRS субҳи 18 феврал хабар дод, ки равуои воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба фураҳо ва мошинҳои ядакдор баъди рафъи оқибатҳои тарма ва бо маводи зидди лағзиш коркард шудани қисматҳои тармазадаи роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ иҷозат дода шуд.

Роҳҳои кӯҳистони Тоҷикистон аз лиҳози фурӯрезии тармаҳо дар фасли сармо хатарнок ба шумор мераванд. Соли 2023 дар Тоҷикистон 335 ҳолати фурӯ рехтани тарма сабт шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ин шабу рӯз ҳамаи воҳидҳои наҷоти КҲФ бинобар сабаби борандагии шадид ва эҳтимоли ба вуҷуд омадани ҳар гуна ҳолаҳои фавқулода дар ҳоли омодабоши комил дароварда шудаанд. Имдодгарон дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ва дигар роҳҳои кӯҳистон навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардаанд. 

Бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, то 21-уми феврали соли 2024 ҳарорати ҳаво дар саросари мамлакат тағйир меёбад ва сард мешавад. Бороне, ки дар водиҳо меборад, батадриҷ ба барф мубаддал мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барфи шадид дар назар аст. Аз сардии ҳаво роҳҳои кӯҳӣ ях мебанданд ва табиист, ки ин ҳаракати мошинҳоро барои муддате мушкил мекунад. Ба далели боришот ва сардии ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳистонии тобеи марз, қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фурӯ рехтани тармаву сел ва ҳамчунин яхбандон дар роҳу ағбаҳо зиёд мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ин далел аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд карда, аз иҷрои корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд, инчунин ҳангоми истифодаи таҷҳизоти гармидиҳанда қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.  Аз ронандагон низ хоста шудааст, ки ба вижа ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳистон аз ҳадди аксари эҳтиёт кор гирифта, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла суръат ва фосиларо қатъиян риоя кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button