ВарзишВидео

“ИСТИҚЛОЛ” “РАВШАН”-РО ШИКАСТ ДОДА, БОРИ ДАҲУМ ҶОМИ ТОҶИКИСТОНРО БА ДАСТ ОВАРД

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 бар тими «Равшан»-и Кӯлоб пирӯз шуд ва барандаи даҳкаратаи ин ҷоиза гардид.

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 рӯзи 1-уми ноябри соли 2023 дар варзишгоҳи «Кӯлоб Арена» баргузор шуд ва 12 200 тамошобинро ҷалб кард. Вақти асосии бозӣ мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. Дар қисматҳои изофӣ дастаҳо як голӣ заданд ва ҳисоби бозӣ  1:1 шуд. «Истиқлолиҳо» ба голи легионери ганагии «Равшан» Ҷозеф Акомади бо зарбаи дақиқи ҳимоятгари марказӣ Содиқҷон Қурбонов посух доданд.

Дар силсилазарбаҳои пеналти «Истиқлол» муваффақ шуд ​​– 4:2. Дарвозабон Рустам Ятимов зарбаи ҷаримавии дарвозабони «Равшан» Евгений Гритсенкоро баргардонд ва дар ниҳоят беҳтарин бозигари финал  низ эътироф гардид.

Қаблан бошгоҳи шаҳри Душанбе дар солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019 ва 2022 барандаи Ҷоми кишвар шуда буд. Барои сармураббии даста Игор Черевченко ин аввалин ҷоиза бо дастаи «Истиқлол» ба ҳисоб меравад.

Лозим ба гуфтан аст, ки капитани дастаи “Истиқлол” Ҷоми Тоҷикистонро бо футболкае ба даст гирифт, ки дар он ба нишони ҳимоят аз футболбози ин даста Манучеҳр Ҷалилов “Мо бо туем, Манучеҳр!” навишта шуда буд. Манучеҳр Ҷалилов, ки 33 сол дорад, чанд вақт боз бо мақсади табобати бемории саратонаш дар як шифохонаи шаҳри Маскав қарор дорад.

🏆1XBet-Ҷоми Тоҷикистон-2023. Финал

🔴«Истиқлол» (Душанбе) – ⚪️«Равшан» (Кӯлоб) – 1:1. Аз рӯи зарбаҳои пеналти – 4:2

⚽️Голҳо: Ҷозеф Акомади, 100 (1:0). Содиқҷон Қурбонов, 105+2 (1:1).

Силсилаи зарбаҳои пеналти: Артур Карташян – 1:0. Холмурод Назаров – 1:1. Аҳтам Назаров – 2:1. Айдан Окран – 2:2. Шаҳром Сулаймонов – 3:2. Ҷозеф Акомади – 3:2 (ба чӯби дарвоза бархӯрд). Денис Беганович – 4:2. Евгений Гритсенко – 4:2 (дарвозабон Ятимов баргардонд.

🔴Ҳайъати «Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Содиқҷон Қурбонов, Иван Новоселетс, Табрез Исломов, Ромиш Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе (Шаҳром Сулаймонов, 115), Денис Беганович, Алишер Ҷалилов, Ҳамадонӣ Камолов (Артур Карташян, 120), Шервонӣ Мабатшоев (Аҳтам Назаров, 55), Сенин Себаи.

⚪️Ҳайъати «Равшан» (Кӯлоб): Евгений Гритсенко, Холмурод Назаров, Самуэл Офори, Раҳматшо Раҳматзода, Бахтовари Хуршед, Муҳаммадҷон Насков (Шаҳриёри Иноятулло, 88), Айдан Окран, Эммануэл Маабуах (Масрур Қиёмиддинов, 62), Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, Амирҷон Сафаров (Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 88), Эммануэл Мваненго (Ҷозеф Акомади, 75).

🟨Огоҳиҳо: Эммануэл Маабуах, Муҳаммадҷон Насков, Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, Абдулфаттоҳ Худойдодзода («Равшан»), Ҳамадонӣ Камолов («Истиқлол»).

🟥Аз майдон ронда шуд: Табрез Исломов («Истиқлол»), дар дақиқаи 52 – барои дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ.

🔝Беҳтарин бозигари бозӣ: Рустам Ятимов («Истиқлол»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Ёварони сардовар: Акмал Бӯриев (Турсунзода), Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Довари захиравӣ: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

VAR: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

AVAR: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

RO: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Ҳамоҳангсози бозӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Субҳон Шодиев (Душанбе).

🏟1 ноябр. Кӯлоб. «Кӯлоб-Арена». 12 200 тамошобин.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button