ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

4 СОЛ ҲУКМИ ЯК МАҲБУСИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БАРОИ ЛАТТУКӮБИ ЗИНДОНБОН

Додгоҳи ноҳияи Железнодорожнийи шаҳри Пенза, воқеъ дар тақрибан 650-километрии ҷанубушарқи шаҳри Маскав, пойтахти Русия, як шаҳрванди Тоҷикистонро бар асоси қисми авали моддаи 18 Кодекси ҷиноятии Русия дар “тахриби фаъолияти муассисаи ислоҳӣ”, амалан барои истифодаи зӯроварӣ ва латтукӯби як зиндонбон ба 4 соли зиндон маҳкум кард. Ин ҳукми нави шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳоле содир шуд, ки аз 6 солу 9 моҳ ҳукми қаблии ӯ ҳамагӣ як моҳи дигар боқӣ монда буд ва ӯ мебоист моҳи августи соли 2023 ба озодӣ мебаромад.

Хадамоти матбуоти додгоҳи ноҳияи Железнодорожнийи шаҳри Пенза рӯзи 12 июли соли 2023 хабар дод, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон қаблан низ бо ҷурми истифодаи зӯроварӣ ба 6 солу 9 моҳи зиндон маҳкум шуда, дар яке аз маҳбасҳои воқеъ дар Пенза адои ҳукм мекард.

 Худи маҳкумшуда барои шарҳи мустақими қазия дастрас нест, вале мақомоти зиндон дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ба ӯ баҳои шадидан манфӣ дода, гуфтаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар тӯли адои ҳукмаш дар маҳбаси Пенза барои вайрон кардани тартибот 76 маротиба ҷазои интизомӣ гирифта, ҳамчун маҳбуси моил ба худкушӣ ва буридани рагҳои хуни худ, ҳамла ба зиндонбонҳо ва ҳамчунин барои ақидаҳои ифротӣ ва террористӣ, кӯшиши ташкили сӯхтор ва ташкили ҷиноят бо истифода аз телефони мобил дар чандин рӯйхатти сиёҳи маҳбаси Пенза  қарор доштааст.

Дар моҳи декабри соли 2021 ин маҳбусро барои қонуншикании навбатиаш барои 15 шабонарӯз дар ШИЗО (ҳуҷраи ҷаримавии маҳбас) ҷой кардаанд. Зиндонбонҳо ба маҳбусони ШИЗО иҷозат намедоданд, ки контейнерҳо барои нигоҳ доштани ғизоро бо худ ба ҳуҷраи ШИЗО дароранд, балки бояд ин контейнерҳоро дар роҳрав нигоҳ медоштаанд.

Маҳбуси тоҷик ин талабро сарфи назар карда, ғизояшро бо худ ба камера мебурдааст.  Шаби соли нави 2022 мудири бахши амнияти маҳбас, рутбааш лейтенанти калон аз дохили ҳуҷраи  ин маҳбаси тоҷик контейнерҳои ғизоро пайдо карда, ба роҳрав баровардааст.

Азбаски шаби Соли нав буд ва маҳбусон шояд ба таҷлили он тайёрӣ медиданд, маҳбуси тоҷик аз чунин рафтори зиндонбон сахт ба хашм омада, ба вай ҳамла карда, ба қисмати рӯяш бо мушт задааст ва дар натиҷа, рӯи зиндонбон хуншор шудааст.

Хадамоти матбуоти додгоҳ мегӯяд, ки худи ин маҳбус дар ҷараёни мурофиа иттиҳомоти эълоншударо ба гардан нагирифт ва баракс зиндонбонҳоро саросар ба вайрон кардани ҳуқуқи маҳбусон ва таҳқиру бадрафторӣ айбдор кардааст.

Вале додгоҳ на иддаои маҳбус, балки фарзияи мақомоти маҳбасро пазируфт ва маҳбусро боз ба 4 соли зиндон ва ҷарима ба маблағи 202 ҳазор 437 рублу 58 тин маҳкум кард. Ӯ акнун бояд боз 4 солу як моҳи дигарро пушти панҷара ба сар барад.

Бино ба омори ФСИН, идораи зиндонҳои Русия, дар маҳбасҳои ин кишвар беш аз 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд ва беш аз 1000 тоҷики дигар дар боздоштгоҳҳои Русия таҳти тафтиш қарор доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button