Минтақа ва ҷаҳонСиёсат

ТОҶИКИСТОН САФИРОНАШРО ДАР 4 КИШВАР, АЗ ҶУМЛА ДАР БРЮССЕЛ ВА ЖЕНЕВА ИВАЗ МЕКУНАД

Радиои Озодӣ

Сафирони Тоҷикистон дар чаҳор кишвар, аз ҷумла дар ду давлати аврупоӣ иваз мешаванд.

Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, тасмим рӯзи 31-уми май дар ҷаласае дар Душанбе эълон шуда, зоҳиран аксари сафирон бо сабаби поёни давраи кор барканор ва дар ҷойи онҳо шахсони дигар ба вазифа таъйин мегарданд. Мақомот расман хабар надоданд.

Муҳимтарин тағйир ба номи сафири Тоҷикистон дар Белгия ва Намояндаи доимии кишвар дар Иттиҳоди Аврупо ва НАТО Эркинхон Раҳматуллозода рабт дорад.

Ба ҷойи ӯ Музаффар Ҳусейнзода таъйин мешавад, ки то ин дам муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд ва дар гузашта дар намояндагии кишвар дар Узбекистон кор кардааст.

Эркинхон Раҳматуллозода ба эҳтимоли зиёд ягона дипломати тоҷик аст, ки то 70-солагӣ сафир буд ва дар давраи кораш тавонист, равобити Иттиҳоди Аврупоро бо Тоҷикистон густариш диҳад ва аз ҷумла ҳалли масъалаи пайвастани Тоҷикистонро ба барномаи имтиёзҳои тиҷоратии GSP+ наздиктар овард.

Ӯ дар гузашта мушовири асосии сиёсати берунии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Вафо Ниятбекзода
Вафо Ниятбекзода

Ба ҷойи Фаррух Шарифзода ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода таъйин мешавад, ки дар гузашта дар Маркази тадқиқоти стратегӣ кор мекард, сипас сардори бахши иттилоот ва матбуот ва солҳои охир роҳбари бахши таҳлили сиёсӣ ва барномарезии Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамчунин фиристодаи хоси Тоҷикистон дар умури Афғонистон буд.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, Ҷамшед Ҳомидов аз мансаби сафири Тоҷикистон дар Швейтсария озод ва ба ҷояш Шараф Шерализода таъин мешавад.

Иқтисоддон Шараф Шерализода, ки дар гузашта дар “Амонтабонк” ва ҷамъияти саҳҳомии Нерӯгоҳи “Роғун” кор кардааст, аз моҳи апрели соли 2021 муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд.

Сафири Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ ҳам иваз мешавад. Дар ин мақом ба ҷойи Юсуф Шарифзода Далер Киромов меояд. Дар бораи Киромов иттилои кофӣ дар даст нест. Юсуф Шарифзода хатмкардаи бахши шарқшиносӣ буда, дар гузашта дар консулгарии Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб ва шаҳри Карочии Покистон кор кардааст.

Тағйироти кадрӣ дар идораҳои давлатӣ ва намояндагии расмии Тоҷикистон дар хориҷа пайваста аз тарафи мухолифони ҳукумат танқид мешавад. Онҳо мегӯянд, ҳукумат шахсонеро ба ин вазифаҳо таъйин мекунад, ки солҳои дароз садоқаташонро озмудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, дар байни онҳо ҷавонон ва занон каманд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button