ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

ТО 11 СОЛУ 6 МОҲИ ЗИНДОН: ЭЪЛОНИ ҲУКМИ 5 САРБОЗ ВА ФАРМОНДЕҲИ ОНҲО БАРОИ АЗОБУ УҚУБАТИ НАВАСКАРОН

Бино ба иттилои дарёфтӣ, додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд рӯзи 31 майи соли 2023 баррасии парвандаи пурсарусадои азобу уқубати наваскарон дар қисми ҳарбии қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистонро ба поён оварда, фармондеҳи комендатураи Ворух подполковник Нуҳзат Лазуриев ва сержант Ҷонибек Қосимзодаро ба 11 солу 6 моҳи зиндон ва 4 сарбози дигар: Азимов Фахриддин, Камолов Аъзам, Нозимов Маҳмадназар  ва Сайфуллоев Ҳоҷиакбарро ҳар кадомро ба 9 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кардааст. Лазуриев ва Қосимзода ба сӯиистифода аз мақом ва берун баромадан аз ҳадди ваколат гунаҳкор дониста шуда, 4 сарбози дигарро барои вайрон кардани ойиннома маҳкум кардаанд.

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд ҳанӯз расман ҳукмҳои содиркардаашро шарҳ надодааст ва тафсилоти дигари ин ҳукмҳо то ҳол дар даст нест.

Худи маҳкумшудагон ва наздикони онҳо барои шарҳи ҳукмҳои эълоншуда дастрас нестанд.  Ин 5 сарбозро баъди ба Интернет роҳ ёфтани видеои бадрафториашон бо сарбозони нав ба хидмат омада замоне дастгир карда буданд, ки онҳо алакай ду сол хидмати ҳарбиро ба поён оварда, ба хонаҳои худ рафта буданд.

Рӯзи 24 апрели соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ ду видеои даҳшатбори латтукӯби бераҳмонаи наваскарон аз ҷониби сарбозони собиқадор нашр шуд. Дар видеоҳо дида мешуд, ки кӯҳнасарбозон навсарбозонро аввал як як ба назди худ мехонанд ва бо як тахта ба ҷои нарми бадани ҳар кадомаш мезананд. Сипас наваскаронро қатор мекунанд ва аввал яке аз кӯҳнасарбозон аз паҳлуи ҳар кадомаш гузашта,  ҳар наваскарро дар бари рӯяш бо тамоми қувват чанд шаппотӣ зада, мегузарад. Ба дунболи ӯ, аз паҳлуи қатори наваскарон кӯҳнасарбози дуюм як тахта дар даст рад мешавад ва ӯ ҳам ҳар наваскарро дар болои сараш бо тахта бо тамоми қувват чанд зарба мезанад.

Ҳанӯз ин ду кӯҳнасарбоз кори худро тамом накарда, кӯҳнасарбози сеюм ба ин маъракаи “дарси адаб” додани наваскарон ҳамроҳ мешавад ва яке аз наваскаронро маҷбур мекунад, ки дар рӯи фарш рӯи ду дасташ дар ҳолати нимхоб биистад. Ӯ дар ҳамин ҳолат он наваскари бечораро бо тамоми қувват ба қисмати шикамаш беист шаттаборон мекунад.

Дар навор дида мешуд, ки наваскарони бечора аз ин ки ба чунин як “қассобхона” афтодаанд, сахт тарсидаанд ва ягон нафараш ҳатто ҷуръати муқобилият нишон додан намекунад.

Ин видео дар ҳоле нашр шуд, ки дар Тоҷикистон мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ идома дорад. Ин мавсим 1 апрел оғоз ёфт ва то 31 май давом мекунад.

Наворҳои нашршуда хашми корбаронро барангехтааст ва бисёриҳо аз мақомоти ҷумҳурӣ талаб карданд, то ин “қассобҳо” дар либоси сарбозиро пайдо карда, ба сахттарин муҷозот бикашанд.

Ба дунбол, додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошти 5 сарбоз ва фармондеҳи онҳо хабар дод ва гуфт, ин ҳодиса 15 декабри соли 2022 дар комендатураи Ворух, як нуқтаи муҳим ва доғтарин дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон рух додааст.

Ба гуфтаи додситонӣ, “хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии 0215 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сержант Қосимзода Ҷонибек Абдулаҳад аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо ҳамдаъватони худ қаториҳо Азимов Фахриддин Бахтиёрович, Камолов Аъзам Шарифхонович, Нозимов Маҳмадназар Бузургович ва Сайфуллоев Ҳоҷиакбар Ҳакимович қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон намуда, бар хилофи талаботҳои Оинномаи интизомӣ ва Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карданд. Онҳо бо мақсади нишон додани бартарии худ ҳамхизматонашон сержанти хурд Мисиров Меҳмонҷон Субҳонқулович, қаториҳо Чориев Бекзод Тоирович, Каримзода Замир Рустам, Амиров Некруз Файзуллоевич ва Мусоев Алишер Тошбоевичро мавриди лату кӯби ҷисмонӣ қарор дода, дарди ҷисмонӣ ба саломатиашон расониданд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button