ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ШАРҲИ САФОРАТ ДАР БОРАИ ИДОМАИ БОЗДОШТҲОИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ

Сафорати Тоҷикистон дар Русия шоми 30 майи соли 2023 чанд ҳолати мавҷи боздоштҳои оммавии муҳоҷирони тоҷикро, ки рӯзҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни Русия зиёд ба мушоҳида мерасанд, шарҳ дод.

Сафорат вобаста ба ҳолати боздошти 150 нафар муҳоҷирон дар минтақаи Митино, ки  рӯзи 30 май хабараш нашр шуд, хабар дод, ки кормандони Хадамоти консулӣ ба шуъбаи корҳои дохилии минтақаи мазкур сафарбар шуда, муайян кардаанд, ки аз ин шумор 57 нафараш шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, то шом 30 май  20 нафари онҳо озод карда шуда, тафтиши ҳуҷҷатҳои будубоши боқимонда шаҳрвандон идома дорад.

Сафорат гуфт, дар байни боздоштшудагон шаҳрвандони дигар давлатҳо низ ҳузур доранд.

Сафорат бо такя ба маълумоти пулиси Митино гуфт, қарор аст, боздоштшудагон  пас аз тафтиши ҳуҷҷатҳояшон тибқи тартиб аз ин муассиса озод карда шаванд.

Сафорат дар мавриди қазияи донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи шаҳри Комсомолски лаби Амури Русия хабар дод, ки ба мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат, гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони сафорат ва консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ба ҷойи ҳодиса – шаҳри Хабаровск сафарбар гардиданд.

Дар ҳошияи ин сафар кормандони Сафорат ва Консулгарии генералӣ бо донишҷӯёни тоҷик ҳамсуҳбат шуда, аз ҳолу аҳволи онҳо аз наздик ошноӣ пайдо кардаанд.

Сафорат гуфт: Шумораи умумии осебдидагон 10 нафар мебошад, ки ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд ва саломатиашон муътадил арзёбӣ мегардад. Бояд гуфт, ки аз тарафи сафорат ва консулгарии генералӣ ба донишҷӯёни осебдида ҳамаи кумакҳои зарурӣ расонида шуданд. Айни ҳол қазияи мазкур аз ҷониби кормандони сафорат ва консулгарии генералӣ дар ҳамкории зич бо мақомотҳои дахлдори кишвари иқомат мавриди баррасӣ қарор дорад.

Сафорат ваъда додааст, ки барои ҳалли одилонаи қазияи мазкур дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвари иқомат талош хоҳад варзид.

Дар рӯзҳои охир аз шаҳрҳои гуногуни Русия дар бораи афзоиши рейдҳо ба зидди муҳоҷирони тоҷик хабарҳо ба даст мерасанд. Аз ҷумла субҳи барвақти 19 майи имсол кормандони Отряди милитсияи таъйиноти махсус (ОМОН) ва Хадамоти федералии амният (ФСБ) ба хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи шаҳри Комсомолски лаби Амур фурӯ рехта, дурбинҳои назоратиро хомӯш кардаанд ва донишҷӯёни тоҷикро, ки ягон амали ғайриқонунӣ содир накарда буданд, бераҳмона лату кӯб намуда, ҳуҷҷатҳову телефонҳои онҳоро мусодира намудаанд. Донишҷӯёни тоҷик шикоят доранд, ки нирӯҳои ОМОН ва ФСБ дар хобгоҳ танҳо донишҷӯёни тоҷикро “шикор” мекарданд ва онҳоро латтукӯб ва дар роҳрав қатор карданд ва танҳо баъди ин аз онҳо ҳуҷҷат пурсиданд.

Маъмурияти Донишгоҳи шаҳри Комсомолски лаби Амур сабаби рейди субҳи 19 майи ОМОН дар хобгоҳи ин донишгоҳро ҷустуҷӯи донишҷӯи тоҷике номид, ки гӯё ба кадом созмони террористӣ пул гузаронда бошад. Вале зоҳиран ин танҳо як баҳонаи бофта барои анҷоми ин рейд буд, зеро маъмурияти донишгоҳ эътироф кард, ки ин фарзияи пулгузаронӣ тасдиқ нашуд.

Ҳамин тавр, муҳоҷирони тоҷик аз шаҳраки Котелники дар канори шаҳри Маскав шикоят доранд, ки рӯзҳои 18 ва 24 май дар ин шаҳрак рейдҳои ОМОН доир шуда, ҳудуди 400 тоҷикро дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, ки гӯё як гуруҳи сокинони Котелники ба президенти Русия Владимир Путин дар бораи ҳузури, ба ақидаи онҳо, беш аз ҳадди тоҷикҳо дар ин шаҳрак шикоят кардаанд ва маҳз баъди ҳамин шикоят нирӯҳои пулис ва ОМОН болои сари тоҷикҳо дар Котелники фурӯ рехтаанд. Тоҷикҳои муқими Котелники, ҳатто онҳое ҳам, ки шаҳрвандии Русияро доранд, мегӯянд, аз тарси таъқиб аз хонаҳояшон берун намебароянд ва ҳамаи ошхонаҳои марбут ба тоҷикон, аз ҷусмла “Амина”, “Дидор” ва “Роҳат” дар инҷо баста шудаанд.

Субҳи 30 май бошад даҳҳо муҳоҷири дигари тоҷикро аз хобгоҳашон дар назди истгоҳи метрои “Митино” дастгир карда, ба пулис бурдаанд.

Мавҷи фишору таъқиби шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳрҳои гуногуни Русия мояи нигаронии мақомоти Душанбе шудааст. Рӯзи 24 май вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар як иқдоми дар равобити Душанбеву Маскав камсобиқае сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григоревро дар робита ба муносибати бераҳмона нисбат ба беш аз 100 донишҷӯи тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Комсомолски лаби Амур ва дигар ҳодисаҳои марбут ба таъқиби шаҳрвандони тоҷик дар Русия ба вазорат даъват карда, таъкид кардааст, ки “чунин ҳодисаҳо ба рӯҳи муносибатҳои шарокати стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Россия муносиб набуда, метавонанд ба талошҳои ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф зиён расонанд”.

Дар урфи дипломатӣ маъмулан сафири як кишварро дар сурати хеле норозӣ будани тарафи мизбон аз амалҳои ин сафорат ё давлате, ки он намояндагӣ мекунад, ба вазорат даъват мекунанд.

Ҳамин тавр, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва омбудсмени тоҷик Умед Бобозода аз ҳамтоёни руси худ хостанд, ки ба ин қазияҳои марбут ба таъқиби муҳоҷирони тоҷик дахолат карда, ба тафтиши мунсифонаи ин ҳодисаҳо мусоидат кунанд.

Бархе нозирони умур тахмин мезананд, ки ин мавҷи нави таъқиботу фишор нисбат ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия метавонад ба натиҷаҳои нишасти якуми сарони Хитой ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Сиан рабт дошта бошад, ки Хитой дар он нишаст ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ваъдаи қариб 50 миллиард доллар сармоягузорӣ дода, амалан худро ба ин давлатҳо ҳатто аз Русия ҳам наздиктар сохт. Зоҳиран Русия, ки ба сабаби дар ботлоқи ҷанги Украина дармонданаш хеле заиф шудааст ва дигар тавони гирифтани пеши роҳи тавсиаталабии Хитойро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ надорад, барои  фишор расондан ба ҳукуматҳои ин минтақа, ки онро “ҳавлии дарунии худ” ва қаламрави нуфузи таърихиаш мешумурд, аз ягона василаи фишори дар дасташ боқимонда, яъне қартаи муҳоҷирони корӣ истифода мебарад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button