ВидеоНомаҳо ба президентСиёсат

НОМ БА НОМ: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЯК РӮЗ 5 САФИР ВА РАҲБАРИ ЯК АГЕНТИРО ИВАЗ КАРД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31 майи соли 2023 бо фармонҳои худ ва қарорҳои ҳукумат ду муовини вазири корҳои хориҷиро ба сабаби сафир таъйин шуданашон ва 5 сафирро ба сабаби ба нафақа рафтан ё ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод кард.

Аз ҷумла  Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Беларусу мақомоти СНГ ва кишварҳои соҳили Балтику Финландия озод карда шуда, ба ҷои ӯ Сафарзода Бахтовар Амиралӣ феълан танҳо сафир дар Беларус таъйин гардид.

Ҳамин тавр, Раҳматуллозода Эркинхон, ки ахиран ба синни 70 расид,  бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Белгияву Ҳолланду Люксембург (Бенилюкс) ва Иттиҳоди Аврупо ва НАТО озод карда шуда, ба ҷои ӯ Ҳусейнзода Музафар Маҳмурод  феълан сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар Шоҳигарии Белгия таъин шуд. Музаффар Ҳусейнзода то имрӯз муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд.

Се сафири дигар “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” озод карда шуданд, вале ба кадом “кори дигар” гузаштанашон ҳанӯз эълон нашудааст. Аммо азбаски рӯзи 31 май якбора ду курсии муовини вазири хориҷа озод шуд, чандон баъид нест, агар касе аз онҳоро ба ин ду курсии холишуда таъйин кунанд.

Бо чунин сабаб аз ҷумла Шарифзода Юсуф Тоир аз вазифаи сафир дар Ҷумҳурии Корея, Шарифзода Фаррух Ҳомиддин аз вазифаи сафир дар Туркманистон ва Ҳомидов Ҷамшед Тағоевич аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария ва ҳамзамон намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар нСозмони байналмилалии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид дар Шоҳигарии Испания озод карда шуданд. Ба ҷои онҳо Киром Салоҳиддин Амриддинзода сафир дар Ҷумҳурии Корея, Ниятбекзода Вафо Алибек сафир дар Туркманистон ва Шерализода Шараф Аҳмадҷон, ки то имрӯз муовини вазири хориҷа буд, сафири Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария таъйин гардиданд.

Рӯзи 31 май Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Субҳонзода Икром Субҳон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда, ба ҷои ӯ Саидзода Муҳаммадтоир Саидро, ки то имрӯз директори Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор буд, таъйин кардааст.  Дар бораи  сабабҳои барканорӣ ва ба кадом “кори дигар” гузаштан Субҳонзода хабаре ба даст нарасидааст.

https://www.flickr.com/photos/khadamotimatbuot/albums/72177720308706885/with/52940571943/

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва
Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии
Беларус озод намудани Ҳақдод М.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ва ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Эстония, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Латвия, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Литва, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Финляндия, Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
31 майи соли 2023
№570

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия
озод намудани Раҳматуллозода Эркинхон

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Раҳматуллозода Эркинхон бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва ҳамзамон Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерландия, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳертсогии Бузурги Люксембург, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
31 майи соли 2023
№571

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва
Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии
Корея озод намудани Шарифзода Ю.Т.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Шарифзода Юсуф Тоир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
31 майи соли 2023
№572

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария
озод намудани Ҳомидов Ҷ.Т.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҳомидов Ҷамшед Тағоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария ва ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони байналмилалии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид дар Шоҳигарии Испания озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
31 майи соли 2023
№573

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва
Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон
озод намудани Шарифзода Ф.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Шарифзода Фаррух Ҳомиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
31 майи соли 2023
№574

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи директори Агентии назорат дар соҳаи
маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Субҳонзода И.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Субҳонзода Икром Субҳон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
31 майи соли 2023
№575

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва
Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии
Беларус таъин намудани Сафарзода Б.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафарзода Бахтовар Амиралӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
31 майи соли 2023
№576

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия
таъин намудани Ҳусейнзода М.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҳусейнзода Музафар Маҳмурод Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
31 майи соли 2023
№577

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва
Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии
Корея таъин намудани Киром С.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Киром Салоҳиддин Амриддинзода Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
31 майи соли 2023
№578

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария
таъин намудани Шерализода Ш.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Шерализода Шараф Аҳмадҷон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
31 майи соли 2023
№579

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва
Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон
таъин намудани Ниятбекзода В.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ниятбекзода Вафо Алибек Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
31 майи соли 2023
№580

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф
ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Саидзода М.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Саидзода Муҳаммадтоир Саид директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
31 майи соли 2023
№581

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 31 майи соли 2023 №226
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини вазири
корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ҳусейнзода М.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Хусейнзода Музафар Маҳмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 31 майи соли 2023 №227
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини вазири
корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Шерализода Ш.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шерализода Шараф Аҳмадҷон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 31 майи соли 2023 №228
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Муассисаи давлатии
таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат
дар шаҳри Ҳисор» озод намудани Саидзода М. С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Саидзода Муҳаммадтоир Саид бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button