ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ КӮДАКИ ЧОРСОЛА ДАР САДАМА, ҚАЛЛОБӢ БО “ТОЙОТА” ВА ДУЗДИИ МӮСАФЕД ДАР ИСФАРА

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 31.05.2023

Ба ҳалокат расидани писарбачаи хурдсол дар натиҷаи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ

008

30-юми майи соли 2023, тахминан соати 08:25-дақиқа, ноболиғ Раҳмонов Исо Мирзошарипович, соли таваллудаш 2007, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», ки ба бародараш Раҳмонов Муҳаммад Мирзошарипович, соли таваллудаш 1996, сокини ҳамон ҷо тааллуқ дорад гирифта, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгарди деҳаашон бо суръати баланд ронда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба хоначаи насоси обкашонии канори роҳ бархӯрда, ба дохили дарё чаппа шудааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур ноболиғ, Раҳмонов Мустафо Муҳаммадиевич, соли таваллудаш 2019, сокини ҳамон ҷо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Боздошт гардидани марди қаллоб

116

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 55-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 8-уми апрели соли 2023, марди 31-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 66 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз шаҳри Дубай автомашинаи тамғаи “Тойота-Приус”-ро оварда медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани як қатор ҷиноятҳои дуздӣ

21

Ба ШВКД-1 дар шаҳри Исфара аризаи зани 63-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 21-уми майи соли 2023, тахминан соати 09:30-дақиқа ҳангоми дар бозори «Навбаҳор»-и шаҳри Исфара қарор доштанаш, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дохили ҷузвдонаш, 5 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 65-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо модаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 26-уми майи соли 2023, тахминан соати 05:25-дақиқа, марди 27-солаи сокини ноҳияи Вахш, бо тариқи пинҳонӣ ба дорухонаи шахсиаш бо номи “Файз” даромада, аз он ҷо 1-адад планшети тамғаи “Айпад Про”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 22 ба 23-юми майи соли 2023, тахминан соати 00:20-дақиқа бо тариқи пинҳонӣ ба манзили истиқоматии марди 52-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз он ҷо 1-адад телевизори тамғаи “ТСЛ”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button