ВидеоҶомеа

15 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ ЯК СОКИНИ ДУШАНБЕ БАРОИ ЗӮРӢ БА САРИ ПАДАРУ МОДАР

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 30 майи соли 2023  хабар дод, ки боз як сокини пойтахти Тоҷикистонро барои мардумозорӣ ҳабс кардаанд.

Милитсия мегӯяд, эҳтироми волидайн қарзи фарзандии ҳар як нафар ба шумор меравад, вале афсӯс, ҳастанд афроде, ки бо амалу рафтори ношоиставу нангини худ волидайни хешро азият медиҳанд. Аз ҷумла, дар асоси муроҷиати волидайнаш, кормандони милитсия шаҳрванд Абдураҳимов Диловар Илҳомович, санаи таваллудаш 19.04.1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Р.Набиевро дастгир кардаанд.

Худи дастгиршуда барои шарҳи қазия дастрас нест, вале милитсия гуфт, зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда пайваста ба нӯшидани машрубот машғул шуда, дар ҳолати мастӣ волидайни худро озор медодааст.

Чунончӣ, санаи 30 майи соли ҷорӣ, тахминан соати 09:00, Абдураҳимов Диловар боз дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиаш омада, бо падару модари худ муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст. Ҳамзамон ба амр ва талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда, дар ҳолати мастӣ нисбати дигар атрофиён низ бо алфози қабеҳ дашном дода, боиси халалдор гаштани оромии шаҳрвандон гардидааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Абдураҳимов Диловар барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва модарозориву итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия маводи зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади чораҷӯи ба додгоҳ ирсол карда шуд. Додгоҳ дар навбати худ нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз татбиқ намуд.

Милитсияи Душанбе қаблан низ дар бораи ҳабси маъмурии чанд сокини пойтахт бо ҷурми озор додани модару ҳамсарҳояшон хабар дода буд.

Дар ҷомиаи умдатан муҳофизакори Тоҷикистон эҳтироми калонсолон, бахусус падару модар, як арзиши муҳим ба шумор меравад. Вале вақтҳои охир мавридҳои аз гиребони падару модар гирифтани фарзандони нохалаф зиёд ба назар мерасад. Ҷомиашиносон зиёд шудани мавридҳои озурдани падару модарон аз ҷониби фарзандонро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа  ва рӯҳониён ба суст шудани пояҳои имондорӣ рабт медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button