ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

СОЛГАРДИ НАХУСТИНИ САРКӮБИ ХУНИНИ ЭЪТИРОЗҲО ДАР БАДАХШОН

Як сол пеш, субҳи барвақти 18 майи соли 2022 мақомоти қудратии Тоҷикистон дар шаҳраки Вамар, маркази ноҳияи Рӯшони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалиёти вижаеро ба роҳ андохта, дар байни чанд соат эътирозгарони гирдиҳамомадаро бо истифода аз силоҳи ҷангӣ пароканда карданд. Алакай соате баъди оғози амалиёти вижа мақомоти Тоҷикистон журналист ва фаъоли ҷомиаи шаҳрвандӣ Улфатхоним Мамадшоева ва шавҳари собиқи ӯ генерал Холбаш Холбашев, мушовири фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадиро бо иттиҳоми даст доштан дар ташкил эътирозҳо дар Рӯшон дастгир карданд. Мамадшоева дар назди манзилаш дар Душанбе боздошт шуд, вале генерал Холбашевро, ки дар як сафари хидматӣ дар минтақаи марзии Ворух қарор дошт, дар марзи Исфара, баробари баргаштанаш аз Ворух дастгир карда, ба дастонаш завлона бастанд ва ба Душанбе фиристоданд.

 Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар Вамар ва Хоруғ, бино ба эътирофи Додситонии кулли Тоҷикистон, 29 сокини вилояти Бадахшон кушта шуданд. Вале Радиои Озодӣ рӯйхати 34 сокини кушташудаи Бадахшонро нашр кард, ки 29 нафари онҳо рӯзи 18 май дар Вамар ва 5 тани дигар низ дар моҳи майи соли 2022 дар Хоруғ кушта шудаанд. Дар байни кушташудагон чанд лидери ғайрирасмии Бадахшон, аз ҷумла Мамадбоқир Мамадбоқиров, Мунаввар Шанбиев, Зоир Раҷабов ва Ёдгор Ғуломҳайдаров низ ҳастанд, вале аксари кушташудагонро сокинони оддӣ ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи мақомот, дар ҷараёни ҳаводиси Бадахшон 3 нафар аз кормандони мақомот низ ба ҳалокат расиданд. Аз ин шумор як нафар дар задухӯрдҳо бо эътирозгарон дар Вамар ҷон бохта, дуи дигар дар роҳ ба маҳалли амалиёт дар дарёи Панҷ ғарқ шуданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар поёни соли 2022 дар як суханрониаш эътироф кард, ки фармони оғози амалиёт дар Рӯшонро ӯ худаш дод, чунки эътирозгарон роҳи байналмилалиро аз чанд ҷо баста, бо фармону дастури “хоҷагони хориҷиашон” қасди ба ҳам задани суботу оромӣ дар Бадахшон ва саросари ҷумҳуриро дар сар доштанд.

Мақомоти Тоҷикистон пайваста мегӯянд, рӯзи 18 майи соли 2022 дар ноҳияи Рӯшон ба зидди саркардагон ва аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки бо созмонҳои ифротию террористӣ дар хориҷ забон як карда буданд, “амалиёти зиддитеррористӣ” ба роҳ андохта буданд. ВКД чандин бор гуфт, дар ҷараёни он амалиёт касе аз мардуми мулкӣ осеб надидааст.

Аммо сокинон ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, аксари кушташудагон аз миёни мардуми мулкӣ буда,  бархеаш ҳатто дар эътирозҳо иштирок надоштанд, вале мақомот дар ҷараёни “амалиёти зиддитеррористӣ” онҳоро аз кӯчаҳову хонаҳо дастгир карда, бурда, бо азобу шиканҷа куштаанд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ва ҳатто чандин сохтори Созмони Милали Муттаҳид мақомоти Тоҷикистонро ба истифодаи беш аз ҳадди нирӯву силоҳ барои саркӯби эътирозҳои осоишта дар Бадахшон ва роҳандозии таъқиботи ақалияти қавмию мазҳабии сокини ин вилояти мухтори воқеъ дар шарқи кишвар айбдор карданд. Душанбе ин иттиҳомро рад мекунад.

Дар пайи ҳаводиси ахири Бадахшон, ба гуфтаи фаъолон, беш аз 200 зодаи ин вилоят, аз ҷумла шумори зиёде аз фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ, журналистон, блогерон ва лидерҳои ғайр ирасмии ин минтақа  дар худи Бадахшон ва берун аз он бо иттиҳоми даст доштан дар ташкили эътирозҳо дастгир  ва аксари онҳо маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон, аз ҷумла дастикам 8 нафар маҳкум  бо шумули генерал Холбаш Холбашев ва яке аз лидерҳои ғайрирасмии Хоруғ Толиб Аёмбеков бо як фарзандаш ба ҳабси умрбод шуданд.

Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар шарқи Тоҷикистон, дар марз бо Хитою Афғонистон ва Қирғизистон ҷойгир шудааст тақрибан 250 ҳазор нафар ба сар мебаранд, ки аксаран бо забонҳои помирӣ  ҳарф мезананд. Ба фарқ аз сокинони дигар манотиқи Тоҷикистон, ки аксаран пайрави равияи Ҳанафияи мазҳаби суннии дини Ислом мебошанд, аксари аҳолии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайрави равияи исмоилияи мазҳаби шиъа буда, пешвои исмоилиҳои ҷаҳон шоҳзода Карим Оғохони чорумро раҳбари мазҳабии худ мешуморанд ва ӯро ҳамчун “Ҳозиримом” тамҷид мекунанд.

Рӯйхатти кушташудаҳои Бадахшон:

Рӯшон:

Хоруғ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Муҳаллили маҳмадонои мавзӯъҳои рӯз гуяд:

    Вилояти номухтори кӯҳистони Бадахшон устухоне дар гулӯи ҳукумати Тоҷикистон аст. Муомилоту додугирифте, ки дар ин вилоят анҷом мегиранд, дар бақия манотиқи Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат мушкилтару гаронтар меафтад. Инро лидерони ғайрирасмии маҳаллӣ хуб медонистанд, аз ин лиҳоз мехостанд иддаи аз ин муомилот ҳаққи онҳо бошад ё онҳо низ дар алоҳидагӣ додугирифт намоянд, ҳамчунин баъзе аз муомилоти номашрӯъ ба мисли гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳу аслиҳа дар вилоят сурат нагирад, ин ба ҳукумат хуш намеояд. Дар ин саркӯбҳо ангезаҳои сиёсӣ, ба мисли саркӯби сепаратизму ҷудоиандозиро намебинам.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button