ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

ПЕШГИРӢ АЗ ҚОЧОҚИ 150 ХАЛТА АНГИШТ ДАР МАРЗИ ҚИРҒИЗИСТОН БО ТОҶИКИСТОН (2 АКС)

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз ҷилавгирӣ шудани кӯшиши қочоқи 150 халта, ё 6 тонна ангишт ба Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти  марзбонони қирғиз, рӯзи 17 майи соли 2023 марзбонони воҳиди сарҳаддии Бодканд дар мавзеи Ӯчкӯча (Уч-кочо) як мошини тамғаи “Mercedes Benz Sprinter” –ро ба мушоҳида гирифтанд, ки ба тарафи Тоҷикистон мерафт. Марзбонҳои қирғиз аз паси ин мошин поида, баъди чанде ронандааш  – шаҳрванди Қирғизистон С.у.Н., соли таваллудаш 1996-ро дар хатти марз дар мавзеи Мазор ҳангоми ба як мошини дар тарафи Тоҷикистон истода бор кардани 150 халта, ё 6 тонна ангишт дастгир карданд. Мавзеи Мазор дар қаламрави ҷамоати Чоркӯҳ дар канори шаҳри Исфараи Тоҷикистон  ҷойгир шудааст.

Хадамоти матбуоти идораи марзбонии Қирғизистон гуфт, дар пайи таҳияи санадҳои марбута, ронандаи дастгиршударо ҳамроҳи мошину 6 тонна ангишт барои идомаи таҳқиқи ин қазия ба мақомоти салоҳиятдори Қирғизистон супурдаанд.

Ангишти Қирғизистон солҳои пеш дар Тоҷикистон харидори зиёд дошт, вале баъди бад шудани муносибатҳои байни ду кишвар оварданаш манъ шудааст.

Ёдовар мешавем, Қирғизистон марзаш бо Тоҷикистонро аз 20 майи соли 2021 билофосила баъди задухӯрдҳои хунин дар марзи ин ду кишвар барои равуои сокинону мошинҳо баст ва интиқоли маҳсулот низ байни ду кишвар инак ду сол боз расман манъ шудааст. Ҳарчанд Бишкек қарори бастани марзро ба пандемияи коронавирус рабт медод, вале мансабдорони қирғиз чандин бор изҳор доштанд, ки марзро танҳо баъди ҳалли тамоми масоили марзӣ бо Душанбе аз нав хоҳанд кушод. Инки таҳдиди коронавирус аз байн рафт, вале Қирғизистон марзҳояшро то ҳол накушод, низ далолат ба он мекунад, ки решаи мушкил на дар пандемия, балки дар мушкили марзист.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар ду соли охири 2021-2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 240 нафар  кушта шуда, ҳудуди 750 нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button