ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ПАРВАНДАИ ХУРШЕД ФОЗИЛОВРО БА ДОДГОҲИ ПАНҶАКЕНТ СУПУРДААНД

Парвандаи журналисти мустақил Хуршед Фозиловро барои баррасӣ ба додгоҳи маҳалли зисташ, шаҳри Панҷакент фиристодаанд. Дар ин бора рӯзи 18 майи соли 2023 Дилафрӯз Самадова, вакили мудофеи рӯзноманигор ба Радиои Озодӣ хабар дод. Кай оғоз ёфтани мурофиа ҳанӯз маълум нест.

Дилафрӯз Самадова қаблан хабар дода буд, ки ба зидди нафари таҳти ҳимояташ бар асоси як банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: моддаи 307 иловаи 3, қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ) айб эълон шудааст. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Хуршед Фозилов рӯзи 6 марти соли 2023 дар шаҳри Панҷакент аз ҷониби кормандони амнияти ин шаҳр дастгир ва ибтидо барои “итоат накардан ба амри кормандони мақомот”ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум гардида, сипас бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд ва ба боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуд. Таҳқиқи парвандаи ӯро раёсати амнияти миллии вилояти Суғд дар даст дошт  ва тафтишро рӯзи 10 май анҷом додааст.

Худи Хуршед Фозилов ва наздикони ӯ иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъро рад мекунанд.

Наздикони рӯзноманигор бо талаби таҳқиқи одилонаи парвандаи ӯ ба номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нома навишта буданд, вале дар аввали моҳи май аз дастгоҳи президент ба онҳо як посухи иборат аз чанд ҷумлаи умумӣ фиристодаанд.

“Рӯзи 5-уми май аз Дастгоҳи иҷроияи Президент посух омад. Дар посух, ки нусхааш ҳамчунин, ба унвонии роҳбарияти КДАМ ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ирсол шудааст, дастур дода мешавад, ки муроҷиати моро баррасӣ карда, аз натиҷааш хаттӣ посух диҳанд. Ҳоло мо интизори посухи роҳбарияти КДАМ ва раиси вилоят ҳастем”,- гуфта буд рӯзи 12 май яке аз наздикони рӯзноманигори боздоштшуда ба “Азия Плюс”.

Худи Хуршед Фозилов  иттиҳоми узвият ё ҳамкорӣ бо ҳама гуна созмонҳои мамнуъро рад карда,  гуфтааст, ки ӯро маҷбур карданд, зидди худ гувоҳӣ диҳад ва худро гунаҳкор ҳисобад.

Адвокати ӯ Дилафрӯз Самадова дар аввали моҳи апрел дар пайи дидор бо Хуршед Фозилов дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки журналист тавассути адвокат ба додситонии вилояти Суғд аз боздошти ғайриқонунӣ ва худсаронаи ӯ, риоя накардани ҳаққи ҳифзи асрори зиндагии шахсӣ (водор кардан ба кушодани телефон) ва водор кардан ба додани баёнот ба зидди худаш ва ба гардан гирифтани гуноҳи нокарда шикоят кардааст.

Хуршед Фозилов, ки 37 сол ва 4 фарзанд дорад,  журналист ва ҳомии ҳуқуқи инсон буд ва аз зодгоҳаш шаҳри Панҷакент асосан дар бораи мушкилоти мардуми водии Зарафшон гузориш менавишт. Ӯ дар гузоришҳояш бисёр вақт аз мақомоти маҳаллӣ танқид мекард.

Дар як соли охир Хуршед Фозилов алакай панҷумин журналисти тоҷик аст, ки бо иттиҳоми шубҳаовари “ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ” ба паси панҷара кашида мешавад.Дар тобистони соли 2022 бо айни иттиҳом журналистони мустақили тоҷик Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дастгир шуданд. Далери Имомалӣ ба 10 сол, Ғурбатӣ ба 7 солу 6 моҳ ва дуи дигар ба 7 соли зиндон маҳкум гардиданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ парвандаҳои зидди ин 5 хабарнигори тоҷик ва ҳамчунин ҳукмҳои тӯлонии журналистону блогерҳои зодаи Бадахшонро сиёсӣ ва интиқом барои фаъолияти касбии журналистиву блогериашон медонанд ва озодии онҳоро талаб доранд. Аз ҷумла 5 созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ –  Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия (Norwegian Helsinki Committee, NHC), Мушорикати байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон (International Partnership for Human Rights, IPHR),  Ҳомиёни ҳуқуқи шаҳрвандӣ(Civil Rights Defenders, CRD),  Бунёди Ҳелсинки барои ҳуқуқи инсон (Helsinki Foundation for Human Rights, HFHR) ва Ҳомиёни хатти пеши ҷабҳа (Front Line Defenders, FLD) –  рӯзи 24 март дар изҳороти муштараки худ ин мавридҳоро “бахше аз саркӯби дигарандешӣ дар Тоҷикистон” унвон карда, аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, ки журналист ва ҳомии ҳуқуқ Хуршед Фозиловро билофосила озод ва таъқиби журналистикаи мустақилро бас кунад.

Душанбе то ҳол ба ин даъватҳо ягон посух надодааст. Тоҷикистон имсол дар раддабандии ҷаҳонии озодии матбуот аз ҷумла ба далели ҳабси журналистону блогерҳо боз як зина поён рафта, дар байни 180 кишвар дар зинаи 151 қарор гирифт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Фаъоли ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд гуяд:

    “Таджикская бюрократия” (“қоғазбозии тоҷикӣ”) Ҷиноятҳо ба се гурӯҳ тақсим мешаванд:
    Якум-ҷинояте, ки зарари ҷисмонӣ меорад: одамкушӣ, таҷовус ба номус, латукӯб ва ғайра;
    Дуввум-ҷинояте, ки зарари молӣ доранд: дӯздӣ, ғоратгарӣ, авбошӣ, ришва, порра ва ғайра;
    Сеюм-ҷинояте, ки зарари сиёсӣ ё репутатсионӣ доранд: интиқод, ошкорбаёнӣ, озодии баён, эътироз, шикоят, арз, норизоятӣ, инкор кардан ва ғайра… Аз Фиръавн пурсиданд, ки чихел Фиръавн шудӣ, яъне чӣ тавр ба ин мақому манзалати диктаторӣ расидӣ, Фиръавн дар ҷавоб мегӯяд, ман надидам, ки ягон кас маро рад карда бошад!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button