ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУЧАРХАРОНИ НОБОЛИҒ ДАР ХУҶАНД ВА ДУЗДИИ ТРАКТОР ДАР ЁВОН

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 18.05.2023

Ба ҳалокат расидани дучархарони ноболиғ дар натиҷаи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ

002

Шоми 16-уми майи соли 2023, тахминан соати 20:00 ронандаи, автомашинаи тамғаи «Фолксваген-Туран», Султонов Фарҳод Комилович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Р.Ҳоҷиеви шаҳри Хуҷанд бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарони ноболиғ, Файзуллоев Файзулло Насруллоевич, соли таваллудаш 2010, сокини шаҳри Хуҷанд, ки аз тарафи рост ба чапи роҳ мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Файзуллоев Ф. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

74a44dcac53dc9d507d7c9d549fbebb0

Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон аризаи марди 46-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи июли соли 2022, шасхони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, азонҷо як адад кардани тракторашро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 4-уми майи соли 2023, дар кӯчаи Мушфиқии шаҳри Душанбе шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби фарзанди ноболиғи 13-солааш 1-адад телефони мобили тамғаи «Самсунг Ф.13»-ро дуздида аз ҷойи ходиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Номбурда, 14-уми майи соли 2023, тахминан соати 01:00 бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии марди 47-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз онҷо як сар чорвои калони шохдорро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button