ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОЗДОШТИ РОНАНДАИ “МАРШРУТКА” БАЪДИ НАШРИ ВИДЕОИ БАҲСАШ БО КОРМАНДИ БДА (ВИДЕО)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 17 майи соли 2023 аз боздошти ронандаи “маршрутка”, ё микроавтобуси мусофирбаре хабар дод, ки ахиран видеои баҳсаш бо корманди БДА дар Интернет нашр шуд. Дар видео дида мешуд, ки ронанда корманди БДАро ба он айбдор мекунад, ки азбаски ба ӯ пули кам додааст, ӯ бе ягон асос мехоҳад ронандаро ҷазо бидиҳад.

Худи ин ронанда ва наздиконаш барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд, аммо маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон қазияро ба гунаи дигар шарҳ медиҳад ва худи ронандаро ба итоат накард ба корманди БДА айбдор мекунад.

Бино ба иттилои милитсия, дар ҷараёни санҷиши навори дар Интернет нашршуда муайян карда шуд, ки ҳодисаи мазкур санаи 3-юми майи соли ҷорӣ, дар маҳаллаи Гулбутта, дар назди маркази савдои «7 Ахтар» рух додааст.
“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Спринтер”, рақамҳои қайди давлатиаш 12 32 ТТ 09, шаҳрванд Гулов Наҷибулло Нурович, санаи таваллудаш 02.01.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, деҳаи Фириштӣ, ки дар хатсайри №52 кору фаъолият мекунад, автомашинаи худро дар болои хатти пиёдагузар таваққуф намуда, ба гирифтани мусофирон машғул шуда, тамбашавии дигар воситаҳои нақлиётро ба миён овардааст.Корманди бозрасӣ ба ин қоидавайронкунии ронанда эрод гирифта, ҳуҷҷатҳои ронандагиашро талаб намудааст. Аммо ронанда Гулов Наҷибулло ба талаботи қонунии корманди милитсия итоат накарда, дағалона рафтор намуда, аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ронандагӣ саркашӣ намудааст. Ҳамзамон, номбурда дар назди дигар шаҳрвандону мусофирони дохили автомашина бо садои баланд ба иғвоангезӣ даст зада, монеъи фаъолияти корманди бозрасӣ шуда, автомашинаи худро гузошта рафтааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи милитсия.

Аммо дар видео дида мешавад, ки ронанда корманди БДАро ба тамаъҷӯӣ айбдор мекунад ва мегӯяд, азбаски пули талабкардаи корманди БДАро надод, ӯ барқасдона протоколаш кард.

Дар натиҷа, бар асоси иттилоияи расмӣ, вобаста ба таваққуфи нодуруст нисбати шаҳрванд Гулов Наҷибулло тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, мошини ӯро тавассути нақлиёти «эвакуатор» ба ҷаримагоҳ бурдаанд.
  Ҳамзамон барои итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия, нисбати шаҳрванд Гулов Наҷибулло тибқи талаботи моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба додгоҳ ирсол карда шудааст. Барои таваққуфи нодуруст ба ӯ ҷарима, вале барои итоат накардан аз ҷарима то 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таҳдид мекунад.

Ронандагон бисёр вақт аз рафтори ғайриқонунӣ ва тамаъҷӯии кормандони БДА шикоят мекунанд. Ин ниҳод яке аз фасодзадатарин ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дониста мешавад ва чандин сол боз масъалаи ислоҳоти куллиаш дар ҷомиа доман зада мешавад.

Ҳафтаи гузашта милитсияи Душанбе як сокини кӯчаи Испечакро низ дар пайи нашри видеои бастаҳои партовҳо дар назди бинои истиқоматӣ ба он айбдор кард, ки гӯё худаш ин партовҳоро дар онҷо партофта, сипас ҳангоматалабона видео карда ва дар Интернет нашр кардааст. Дар натиҷа, Зиёдулло Хоҷаев, сокини 29-солаи кӯчаи Испечакро барои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардани видеои партовҳои дар назди бинои баландошёна дар кӯчаи Испечак М10 ба 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Холмуҳаммадзода Ҳасан Абдуғаффор, Академики академияи олии илмҳо гуяд:

    “Оби лой дар маҷрои худ соф мешавад!”
    Дар кишварҳои истибдодӣ мақомоти давлатиро фақат худи давлат интиқод мекунад, шаҳрвандон иҷозати интиқодро надоранд. Ҳар кори баде ё амали ношоистае аз хизматчиёни давлатӣ сар занад, бояд мунтазири вокуниши давлатӣ бошем, на мардумӣ. Инсон ва шаҳрванд дар Тоҷикистон дар бадтарин ҳолате, ки ба сараш меояд, танҳо иҷозат дорад, ки бо забони адабии давлатӣ ба таъби дили давлату ҳукумат бо зикри ному насаб, мақому манзалат, унвон, иззату эҳтиром ва ҷонибдорӣ аз кору фаъолият ва сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат “муроҷиатнома” бинависад. Дар ғайри ин сурат эроди гирифтаат ё интиқодат дарди сарат хоҳад шуд!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button