ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

БОЗДОШТИ ПИСАРИ КАЛОНИИ ИСЛОМ КАРИМОВ ДАР РУСИЯ

Писари Ислом Каримов, собиқ президенти Ӯзбекистонро дар Русия пулис бо иттиҳоми латукӯби ҳамсараш боздошт кардааст.

Бино ба гузоришҳои расонаҳои Русия, Пётр Каримов 16-уми майи соли 2023 аз тарафи пулиси шаҳри Красногорски вилояти Маскав барои он боздошт шуд, ки ҳамсояҳо доду фарёди ҳамсари ӯ  Юлия Сметанкинаро шунида, ба пулис хабар додаанд.

Ба навиштаи “Известия”, ҳодиса дар гулгашти Подмосковний рух додааст.  “Ҳамсояҳо ҷанҷоли оилавии Пётр ва Юлия шунида, барои халос кардани онҳо ду маротиба ба пулисро даъват кардаанд. Дар дафъаи дуввум пулис маҷбур шудааст Пётр Каримовро бо худ бибарад”, навиштааст ин расона.

Баъдан телеграммканали”112″ хабар дод, ки “кормандони ҳифзи ҳуқуқ Каримовро пас аз пурсиши ҳодиса ҷавоб додаанд. Вале Каримов, бино ба гуфтаи Юлия Сметанкина, ғайб задааст. Ӯ аз нопадид шудани Каримов дар ташвиш буда, талош дорад, ки  аз ғайб задани шавҳараш пулисро дар ҷараён гузорад”.

Гуфта мешавад, ҳамсари Пётр Каримовро бар асари бардоштани ҷароҳатҳое, мисли осеб дидани шикам, ҷунбиши мағзӣ ва хунравӣ дар бемористон бистарӣ кардаанд.

Бино ба гуфтаи Юлия, муноқишаи оилавӣ замоне сар задааст, ки Каримов сархуш ба хона баргашта, аз Юлия талаб мекунад, то ба ӯ пули чиптаи ҳавопаймо то Тошканд ва харҷи меҳмонхонаро пардохт кунад. Вале Юлия ҷавоби рад медиҳад. Пас аз он Каримов ба ғазаб омада, Юлияро муттаҳам мекунад, ки ту маро ғорат кардаӣ ва хонаро тагу рӯ мекунад, то маблағи заруриро пайдо кунад. Юлия бошад садди роҳи Каримов мешавад ва дар натиҷа зери латтукӯб қарор мегирад.

Пётр Каримов фарзанди калонии Ислом Каримов, президент нахустини Ӯзбекистон буда, соли 1969 аз ҳамсари аввалааш Наталя Кучми 69 ба дунё омадааст. Ҳамон сол Каримов Наталяро талоқ дода, аз ӯ ҷудо шуд. Наталя Кучми соли 2008 дар шаҳри Тошканд аз дунё гузашт.

Писари 54-солаи Каримов, Пётр, хатмкардаи Донишкадаи хоҷагии халқи шаҳри Тошканд буда, чанд сол дар соҳаҳои бонкӣ дар Ӯзбекистон кору фаъолият кард ва аз солҳои 90-ум инҷониб дар Русия зиндагӣ мекунад.

Ислом Каримов аз соли 1989 то дами маргаш дар соли 2016 раҳбари аввали Ӯзбекистон буд ва яке аз диктаторҳои бераҳмтарини Осиё миёна ба ҳисоб мерафт. Дар даврони ҳукмронии ӯ Узбекистон ба як кишвари пӯшида табдил ёфта, оддитарин ҳуқуқи инсон риоя намешуд. Баъди даргузашти Каримов, президенти нави Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ислоҳоти ҷиддӣ дар ин кишвар даст зада, хеле аз маҳдудиятҳои замони Каримовро аз байн бурд ва ба мардум сабукӣ овард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Шогирди Доктор Абдураҳими Муллозода гуяд:

    Бухоро маркази исломуддин аст,
    Самарқанд сайқали рӯйи замин аст!
    Ҳоло ислом каримов дар боздоштгоҳи қабр қарор дорад (аз адвокат маҳрум) ва аз қатлу куштори бераҳмонаи тоҷику ӯзбек саволборон шуда истодааст. Дар Андиҷон чанд нафар куштӣ, дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон чанд нафар куштӣ, дар Самарқанду Бухоро чанд нафар куштӣ? Дар Тошканд чанд нафар куштӣ? Накиру Мункар (фаришта-прокурорҳо) порра (взятка) намегиранд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button