ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

РӮЗҲОИ 16-17 МАЙ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ ХОКБОРИШ МЕШАВАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба пешбинии ҳавошиносон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 16-17 майи соли 2023 ба сабаби тағйири обу ҳаво дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, навоҳии минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҳавои олуда бо гарду чанг дар назар дошта шудааст.

Хокбориш ба қаламрави кишвар аз ноҳияҳои ҷанубу ғарб ва ҷанубии ҳаммарз бо кишвари мо ворид мешавад.

Дар ин иртибот Кумита аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад беш аз ҳама ба касоне таваҷҷуҳ кунанд, ки гирифтори бемориҳои диабети қанд, астма ва гипертония мебошанд.

 ТӮФОНИ ГАРДУ ҒУБОР ЧИСТ?

Тӯфони гарду ғубор, тӯфони хок, хокбориш, хокбод. Ин чанд истилоҳ ҳамин як мафҳумро ифода мекунанд. Ба ҳодисае гуфта мешавад, ки боди шадид миллионҳо тонна гарду хокро ба як масофаи дур интиқол медиҳад. Ин ҳодиса маъмулан дар фасли гарми сол бештар иттифоқ меуфтад ва зиёдтар аз қисматҳое, ки табиати хушк доранд, рух медиҳад. Замоне, ки борон нест, шамол гарду чангро ба ҳаво мехезонад ва башиддат пеш мебарад. 

ДАР ИН ГУНА ҲОЛАТ ЧӢ БОЯД КАРД?

Ронандагон ва дӯстдорони сайёҳиву гардишгарон бояд дар ин гуна рӯзҳои пурчанг суръати ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд, техникаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳҳӣ, саҳроҳои дом анфарохро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст, чун эҳтимоли резиши санг аз кӯҳҳо низ зиёд аст.

Чанд тавсия ба аҳолӣ барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар чунин ҳолатҳо:

1. Бештари оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.

2. То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи модаҳои муаллақи хатарнок ба нишаст ба замин мутамарказ мешавад.  Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин модаҳои муаллақ боло мераванд. Ғайр аз ин шумо метавонед тирезаҳои худро бо докка ва ё тур бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.

3. Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.

4. Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд. 

Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:

– меъёри доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;

– ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошем; 

– агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулода ба телефони 112 ва ё дар қисми навбатдории КҲФ:

223-13-11;

93 880 28 19.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button