ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ КОРГАРДОНИ МАЪРУФИ ТОҶИК ШАВКАТ ХАЛИЛЗОДА

Коргардони шинохтаи театри тоҷик, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, саркоргардони театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ Шавкат Халилзода (Халилов) шоми 15 майи соли 2023 дар синни 67 аз як бемории нобаҳангом аз олам чашм пӯшид. Камол Сайфиддинзода хабар дод, ки маросими видоъ бо коргардони маъруф субҳи 16 май то соати 12 дар гузаргоҳи сеюми кӯчаи ба номи Ғафурови шаҳри Душанбе доир мешавад. Гуфта мешавад, коргардони шинохтаро дар оромгоҳи Сариосиё ба хок месупоранд.

Садҳо нафар аз ҳамкорон ва мухлисони ҳунари Шавкат Халилзода, ҳамчунин вазорати фарҳанг, театри Самарқанд, гуруҳи “Авасто” аз марги ӯ изҳори андӯҳ ва ба наздиконаш изҳори ҳамдардӣ кардаанд.

Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ дар Фейсбук марсияи пурсӯзеро нашр кард: Дӯстони азиз, аз хабари мудҳише, ки ба мо расид, дил мешиканад. Шахси барҷастае, ки таҷассуми тамоми як даврони ҳаёти театрии кишвар буд, аз мо рафт – имрӯз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ШАВКАТ МУҲАММАДОВИЧ ХАЛИЛЗОДА аз ин дунё рафт. Дар бораи хизматҳои устод дар соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ беохир сухан гуфтан мумкин аст… Аммо дар ин лаҳзаи барои ҳамаи мо мушкил пайдо кардани сухани дуруст осон нест… Танҳо ҳамин қадар гуфта метавонем, ки мо дар ин рӯз дар канори ҳама хешу табор ва ёру дӯстонаш ҳастем. Аллоҳ ба ин ғаму андӯҳ таҳаммул ато кунад. Мо бо шумо ҳамдардем!

Дар бораи иллати марги Шавкат Халилзода иттилое дар даст нест. Ҳамагӣ чанд ҳафта пеш ӯ дар ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрии “Парасту” иштирок дошт ва солиму бардам ба назар мерасид ва  ба гуфтаи ҳамкасбонаш, чун ҳамеша пур аз энержӣ буду дар сар чандин нақшаи ҳунарӣ дошт.

Шавкат Халилзода 26 декабри соли 1956 дар хонаводаи Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ҳунарпешаи шинохтаи театру кино Муҳаммадҷон Халилов ба дунё омада, соли 1978 Донишкадаи санъати а номи Мирзо Турсунзода ва соли 1985 Донишкадаи давлатии театр, мусиқӣ ва кинематаграфияи шаҳри Ленинградро хатм карда буд.

Шавкат Халилзода солҳои тӯлонӣ ба ҳайси  коргардон ва саркоргардон дар Театри давлатии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли  Хуҷандии шаҳри Хуҷанд , Театри мазҳакаи мусиқии Самарқанд ба номи Ҳамид Олимҷон, Театри лӯхтаки Душанбе ва Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов кор карда, солҳои охир саркоргардони Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнб буд.

Аз Шавкат Халилов намоишномаҳое, чун “Лайлатулқадр” –и Ю.Акбаров, “Авлиё ва осӣ”-и А.Варфоломеев, “Моҷарои обфурӯш”-и Мастон Шералӣ ва Шодон Ҳаниф, “Тӯйи бедомод”-и Ҷумъа Қуддус, “Фарёди ишқ”-и Ғанӣ Абдулло, “Хизматгори ду хоҷа”-и К.Голдони, “Найрангҳои Майсара”, ва даҳҳои дигар ба ёдгор монд. Охирин намоишҳое, ки ӯ дар театри опера ва балет ба саҳна гузошт, яке операи “Рӯдакӣ” аз оҳангсоз Шарофиддин Сайфуддинов буд ва дигарӣ опереттаи мазҳакавии “Оршин Мол Олон”.

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid02hy8GQnRmbUcuMvQS827TqrHSmgcTz8SG7aNRywidVz7jQdcjJWY1svtFF5tgtFBVl&id=100011539572019
https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid02YPuGERMZmEcZe9KFBrmgF4U5txbzcTPVGGPETgzXcxPdccbnoqP6pbxubqr5Ako7l&id=100069211209829

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button