ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР КӮШОНИЁН ДУХТАРЧАИ 12-СОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ОПЕЛ” ҶОН ДОД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 16.05.2023

Ба ҳалокат расидани духтари 12-сола дар натиҷаи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ

13

14-уми майи соли 2023, тахминан соати 18:05-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Мираков Фирӯз Мирзоҷонович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Бохтар”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Раҷабова Бибиоиша Саидқуловна, соли таваллудаш 2011, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Раҷабова Б.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани якчанд ҷинояти дуздӣ

157

Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон аризаи марди 67-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 10-уми январи соли 2023 шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Вектра”, ки дар назди бозори марказии ноҳия беназорат меистод, 2-адад телефонҳои гуногунтамғаи мобилиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 14-уми майи соли 2023, ҳангоми дар микроавтобуси хатсайри №1 қарор доштанаш шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми-7”-ро дуздиданӣ мешавад, ки аз ҷониби худи ӯ дастгир мегардад.
Дар вақти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шахсияти ҷинояткор маълум карда мешавад, ки ин марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе будааст. Барои дастгир намудани ҳаммаслаконаш чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 8-уми майи соли 2023, тахминан соати 05:00, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи “Тайота Авалон”, ки ба ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-14 Промакс”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, парвандаи чиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, оғоз гардидааст, ки ӯ 25-уми марти соли 2023, тахминан соати 19:30-дақиқа, бо маслиҳати пешакӣ бо «Илҳом» ва «Наҷибулло» ном шахсони ба тафтишот номаълум, бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 60-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз он ҷо 3 ҳазору 800 сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 35 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button