ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗ ЯК ЗАМИНЛАРЗАИ ЧОРБАЛЛӢ ДАР НАЗДИКИИ КӮЛИ САРЕЗ

Пойгоҳи байналмилалии Еarthquaketrack.com, ки зилзилаҳо дар саросари сайёраро ба сурати онлайн пайгирӣ ва сабт мекунад, хабар дод, ки шаби 16 майи соли 2023, соати 02:44 ба вақти маҳаллӣ дар шарқи Тоҷикистон як заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер 4,1 балл рух додааст. Ба иттилои ин пойгоҳ, маркази офати табиӣ, ки дар умқи 119 километр рух додааст, дар 99километрии ғарби шаҳраки Мурғоб, маркази ноҳияи ҳамноми вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир шуда буд. Дар бораи кадом талафоту хисорот бар асари ин заминларза то ин соат гузорише ба даст нарасидааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 6заминларза,  дар як моҳи охир 19 заминларза ва дар як соли охир 237 (!!!) заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёдро сабт кардааст. Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон, дар наздикиҳои кӯли Сарез рух додаанд.

Бар асари заминларзаи шаби 23 марти соли 2023, ки марказаш дар атрофи деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд,  дар маҷмӯъ 368 хона, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона, дар ноҳияи Рашт 32 хона ва дар ноҳияи Нуробод 17 хона зарар диданд. Ахиран Иттиҳоди Аврупо шумори умумии сокинони зарардида аз ин заминларзаи моҳи март дар Тоҷикистонро беш аз 2200 нафар баровард кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button