ВидеоИқтисодТоҷикистон

АВВАЛИН САФАРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҲАВОПАЙМОИ ПРЕЗИДЕНТИИ 92-МИЛЛИОНДОЛЛАРӢ (ВИДЕО)

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки субҳи 16 майи соли 2023 барои анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар як нишасти сарони кишварҳои минтақа ба Хитой рафт, бори нахуст  бо ҳавопаймои президентии 92-миллиондоллариаш парвоз кардааст. Дар видео ва яке аз 4 аксе, ки хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон аз фурудгоҳи Пекин нашр кард, дида мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳонаш аз ҳамин ҳавопаймои собиқи президенти Мексика, ки хариданаш баҳсҳои гармеро дар ҷомиа ба по кард, пойин шудаанд.

Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ин сафар бо раҳбарони Хитой масоили марбут ба идомаи ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карда, дар нахустин нишасти “Осиёи Марказӣ-Чин”  дар сатҳи сарони кишварҳо иштирок кунад.

20 марти соли 2023 раиси Ҷумҳурии халқии Чин Си Ҷинпинг дар табрикоти наврӯзиаш ба Эмомалӣ Раҳмон хабар дода буд, ки Пекин моҳи май дар нахустин саммити “Чин ва Осиёи Марказӣ” мехоҳад як “нақшаи бузурги рушди муносибатҳои байни Чин ва Осиёи Марказӣ”-ро бо роҳбарони ин минтақа дар миён гузорад. Нозирони умур бар инанд, ки Хитой бо истифода аз заиф шудани Русия дар пайи дармонданаш дар ботлоқи ҷанги Украина азм дорад, то нуфузи худро бар кишварҳои Осиёи Марказӣ боз ҳам тақвият дода, ҷои Русияро дар мақоми шарики №1 барои давлатҳои ин минтақа тангтар кунад. Пекин то кунун дар тавсиаталабиҳояш дар Осиёи Марказӣ бо таваҷҷуҳ ба вокунишҳои Маскав иқдом мекард, вале заиф шудани Русия метавонад дар ин арса хеле далертараш кунад.

Ҳавопаймои собиқи президенти Мексика, тамғаи “Boeing 787-8 Dreamliner”, ки моҳе пеш аз ҷониби Тоҷикистон барои президенти ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо нархи 92 миллион доллар харида шуд, нимаи дуюми рӯзи 14 майи соли 2023 аз фурудгоҳи шаҳри Сан Бернардинои аёлати Аризонаи Амрико ба парвоз хеста, субҳи 15 май ба Душанбе расид.

Ин ҳавопаймо баъди ба Тоҷикистон фурӯхта шуданаш дар фурудгоҳи Сан Бернардино қарор дошт ва дар ин муддат ширкати Nomadic Aviation Group, ки ба санҷишу озмоиш, нигоҳубин ва рангубори ҳавопаймоҳо машғул аст,  онро аз нав рангубор карда, ба ҳавопаймо рамзу нишони давлатии Тоҷикистонро часпондаанд. Рамзу нишони давлатӣ дар ҳавопаймо баёнгари он аст, ки онро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истифода хоҳад кард. Эмомалӣ Раҳмон, ки 70 сол дорад ва аз поёни соли 1992, инак беш аз 30 сол боз бар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад, то кунун сафарҳои худро тавассути ҳавопаймои махсуси ширкати “Сомон Эйр” анҷом медод.

Хариди ҳавопаймои президентӣ аз Мексика бо қимати 92 миллион доллар дар Тоҷикистон мавҷи вокунишҳои гуногунро барангехт. Дар ҳоле ки тарафдорони ҳукумат хариди чунин ҳавопаймои гаронбаҳоро боз як нишонаи рушду пешрафти кишвар ва барои боло бурдани имиҷи Тоҷикистон, бахусус ҳукуматаш муҳим мешумурданд, мунтақидон мегуфтанд, ки кишвари фақире ба мисли Тоҷикистон ин 92 миллион долларро метавонист барои корҳои муҳимтаре, ба мисли бунёди корхонаҳои нав ва таъмини мардумаш бо ҷои кор харҷ кунад.

Аз ҷумла ба ин нукта ишора мешуд, ки  Мексика бо вуҷуди он ки яке аз иқтисодҳои бузурги дунёст ва маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш  солона қариб 1,3 триллион долларро ташкил медиҳад, аз истифодаи чунин ҳавопаймои гаронбаҳо даст кашида, бо пули он мехоҳад дар ду вилояти фақири Герреро ва Оахака бемористонҳои замонавӣ бисозад, вале Тоҷикистон бо онки ҳаҷми иқтисодаш солона ҳамагӣ наздики 9 миллиард доллар, яъне 150 маротиба (!!!) заифтар аз Мексика аст, бо 92 миллион доллар барои президенташ ҳавопаймо мехарад.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол хабари ба 92 миллион доллар харидани ҳавопаймои президентии Мексикаро шарҳ надодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Академики академияи олии илмҳо гуяд:

    Ҳадди ақал мисли Президенти Мексика, шумо низ ба халқ муроҷиат карда, фаҳмонед, ки ҳамватанони азиз, бинобар сабаби зарурат ба ҳавопаймои аз ҷиҳати техникӣ эминтар барои “пешвои миллат” аз Мексика бо арзиши $92-млн доллари ИМА ҳавопаймои боинги фалон-фалон харидорӣ намудем. Ё шумо низ ягон ҳавопаймои бекорхобидаро ба Шри-Ланка ё ба “Толибон” бифурӯшед, “сарфаю сариштакорӣ”-и “пешвои миллат”-ро таърифу тамҷид кунед!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button