ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ВАЛИҶОНРО БО ДРОН ЗАДААНД… КУШТА ШУДАНИ БОЗ ЯК МАҲБУСИ ТОҶИК ДАР ҶАНГИ УКРАИНА (ВИДЕО)

Ҷасади  боз як ҷавони тоҷик – Валиҷон Раҳматови 27-сола аз кӯчаи Муҳаммад Осимии шаҳри Турсунзодаро, боз як ҷавони тоҷикро, ки дар Русия ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд ва дар ҷанги Украина кушта шуд, ба хонаводааш супурдаанд. Тобути Валиҷонро шоми 22 апрели соли 2023 аз Русия оварданд ва дар зодлгоҳаш, шаҳри Турсунзода ба хок супурданд. Наздикони ин ҷавони тоҷик инак чанд рӯз боз дар сӯги ӯ мотам доранд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ Амир Исоев ва Алишер Зарифӣ, ки ба ин хонаводаи мотамзада рафтанд, рӯзи 28 апрел гузориш доданд, ки Валиҷон Раҳматов соли 2015 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта, ба қавли пайвандонаш, соли 2018 дар онҷо маҳкум ба зиндон  шудааст. Наздикони ҷавон дақиқ намедонанд, ки ӯ чӣ гуна аз зиндони Русия ба ҷанги зидди Украина ҷалб шудааст, вале бовар доранд,  ки Валиҷон ихтиёран ба ҷанг нарафтааст.

Падараш Ҳокимҷон Раҳматов, ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш дар пай як муноқиша бо зодагони Қафқоз дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба зиндон маҳкум шуда буд: “Дар Санкт-Петербург буданд, дар анборҳо кор мекарданд. Дар байн чӣ хел шуд, ки бо доғистониҳо ҷангашон шуд. Хуласи гап, 5 сол дар маҳбаси Русия маҳкам буд. Дар Ленинград (Санкт-Петербург) буд, аз онҷо ба Иркутск бурданд. Вақти дар маҳбас буданаш занг мезад. “Дадаҷон зиқ нашав, дадаҷон ҳама сад аст, хавотир нашавед,”- мегуфт…”

Тамосҳои Валиҷон ба хонаводааш тақрибаан 3 моҳ пеш қатъ шудааст. Падараш мегӯяд, Валиҷон бори охир бо бародараш ҳамсуҳбат шудааст.

“Дигар занг назад, алоқа қатъ шуд. Ба додараш занг задааст, ки мо ҷанг рафтем. Моро аз маҳбас бурданд. Ҳамин рӯзи иди Рамазон буд, ки фаҳмидам, аз дунё гузаштааст. Низомиёни Русия ба бародараш гуфтаанд,”– нақл кардааст Ҳокимҷон Раҳматов, падари Валиҷон.

Ба қавли хонаводаи ин муҳоҷири ҷавонмрги тоҷик, тақрибан ду моҳ пеш ӯ аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишин ҷон додааст ва ҷасадаш бештар аз ду моҳ дар сардхона (морг) будааст. Падараш бар асоси шунидаҳои худ нақл кард, ки “писарашро ҳавопаймои бесарнишин бо чор нафари дигар дар дохили як нақб задааст.”

Валиҷон писари калонии хонавода будааст. Падараш мегӯяд, ният дошт, дар Русия пул кор кунад ва сипас ба Ватан омада, бо духтари дӯстдоштааш издивоҷ кунад, вале насиб накард…

Русия, ки соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро ғасб карда буд, моҳи феврали соли 2022 бо баҳонаи “дифоъ аз аҳолии русзабони Донбасс” ба Украина ҳамла оварда, дар рӯзҳову ҳафтаҳои аввали ҷанг қисматҳои зиёде аз қаламрави Украинаро ишғол кард. Вале артиши Украина сипас ташаббусро ба дасти худ гирифт ва то имрӯз тақрибан нисфи қаламравҳои аз сӯи Русия ишғолшударо баргардонд.

Артиши Русия дар ин лобало  ба далели талафоти зиёдаш дар ҷанги Украина ба камбуди шадиди нирӯ дучор шуда, моҳи сентябри соли 2022 як маъракаи густардаи басиҷсозӣ ё мобилизатсияро ба роҳ андохт. Мақомоти Русия ҳамин тавр, бо ваъдаи дарёфти зудтари шаҳрвандии ин кишвар маъракаҳои густардаеро бо ҳадафи ба ҷанги зидди Украина бурдани муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик роҳандозӣ кардаанд.

Вазорати мудофиаи Русия ва ширкати хусусии ҳарбии ЧВК “Вагнер”, ки ба Евгений Пригожин, як миллиардери наздик ба президенти Русия Владимир Путин тааллуқ дорад, ҳамин тавр, бо ваъдаи афв ва озодии зудтар аз зиндонҳои он кишвар даҳҳо ҳазор маҳбус, аз ҷумла садҳо маҳбуси тоҷикро ба ҷанги зидди Украина бурдаанд.

Бино ба оморҳо, то шурӯи ҷанги Украина дар зиндонҳои Русия беш аз 7 ҳазор тоҷик адои ҳукм мекард. То имрӯз хабари кушта шудани ҳудуди 30 маҳбуси тоҷикистонӣ дар Украина ба дасти расонаҳо расидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button