ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ ЁВОН БАРОИ ҚИТЪАИ ЗАМИН МОШИНИ “МЕРСЕДЕС”-АШРО ДОДААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 28.04.2023

Муайян шудани кирдори қаллобӣ

16

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе, тахминан соли 2016, бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини ноҳияи Ёвон даромада, аз эҳтиёҷманд будани ӯ барои қитъаи замини наздиҳавлигӣ хабардор шуда, бо баҳонаи гирифта додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, охирон аз номбурда як адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро бо арзиши 35 ҳазор сомонӣ ва баъдан маблағи 85 ҳазор рубли русиро гирифта ваъда додааст, ки ҳуҷчатҳои замини мазкурро тайёр намуда истодаанд.
Баъдан, баъзе ҳуҷҷатҳои номбурдаро бо худ гирифта, ваъда додааст, ки ҳуҷҷатҳои заминро дар рӯзҳои наздик оварда медиҳад, аммо гумонбаршаванда маблағи бо роҳи фиреб ба даст овардаашро гирифта, ба манфиати шахсии худ сарф кардааст.
Гумонбаршаванда бо ин кирдораш ба ҷабрдида зарари калони моддӣ расонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба даст афтодани нафарони ҷинояти дуздӣ содир намуда

72

Ба ШВКД дар ноҳияи Фархор аризаи зани 29-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 22-юми апрели соли 2023, тахминан соати 15:30-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1 ҳазору 650 сомонӣ ва маводи хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 31 ва 32-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, шаби 25 ба 26-уми апрели соли 2023, тахминан соати 02:40-дақиқа, бо тариқи шикастани дари даромадгоҳ ба Маркази бозиҳои компютерӣ, ки ба ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, даромада, аз он ҷо 2-адад таҷҳизоти бозии компютерии тамғаи “Сони-Плейстейшн”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button