ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЛАТТУКӮБИ ФУРӮШАНДАИ МАҒОЗАИ “ИЗЮМ” БАРОИ ПУЛИ ҚАРЗ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шоми апрели соли 2023 аз боздошти як сокини Душанбе барои латтукӯби фурӯшандаи мағозаи “Изюм” хабар дод.

Бино ба иттилои милитсияи пойтахти Тоҷикистон, кормандони мақомот муроҷиати фейсбукии як модар дар бораи аз ҷониби дҷавон мавриди латту кӯб қарор гирифтани фарзандашро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Вобаста ба ин, Раёсати корҳои дохилии Душанбе расман иттилоъ дод, ки санаи 24-уми апрели соли ҷорӣ, тақрибан соати 22:00 шабона дар асоси хабари фаврӣ кормандони милитсия дарҳол ба кӯчаи Н.Махсуми ноҳияи Сино, назди мағозаи хӯроквории «Изюм» ҳозир гардида, муайян кардаанд, ки аз ҷониби ду нафар ҷавон фурӯшандаи мағозаи мазкур шаҳрванд Шарифов Алиҷон Аъзамович, санаи таваллудаш 06.06.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи С.Айнӣ мавриди латту кӯб қарор гирифтааст.

Бино ба иттилои милитсия, дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ шаҳрванд Салимов Салимҷон Сайкомилович, санаи таваллудаш 13.07.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Қосимӣ 7 дастгир карда шуд. Ҳамзамон шахсияти ҳаммаслакаш ба мақомоти милитсия муайян буда, айни замон бо мақсади дастгир намудани ӯ чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ҷараён дорад.

Дар гузориши РВКД Душанбе ҷараёни ҳодисаи шаби 24 апрел дар мағозаи “Изюм” чунин баён шудааст: “Зимни санҷиши пешакӣ муайян карда шудааст, ки гумонбаршаванда Салимов Салимҷон ҳамчун тақсимкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ фаъолият намуда, соҳибмулки мағозаи “Изюм” аз ӯ маблағи муайяне қарздор мебошад. Номбурда бо мақсади бозпас гирифтани маблағи худ ба мағозаи «Изюм» рафтааст, аммо фурӯшандаи мағоза Шарифов Алиҷон бо ӯ дағалона муносибат намудааст ва дар натитиҷа ҳамдигарро дашномҳои қабеҳ додаанд. Чуноне аз навори камераҳои назоратии ҷойи ҳодиса бармеояд, гумонбаршаванда Салимов Салимҷон бо ҳамроҳии ҳаммаслакаш, бо ҷабрдида муноқиша намуда, ӯро бо мушт латту кӯб намудаанд. Дар натиҷа ҷабрдида Шарифов Алиҷон ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, айни замон дар беморхона бистарӣ карда шудааст”.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия маводи зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми авбошӣ тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад. Ҳамзамон аз ҷониби мақомоти милитсия ҷустуҷӯи гумонбаршавандаи дуюм идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button