ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАРОМАДГОҲИ ДОДСИТОНИИ ОСТОНА ҚАСДИ ХУДКУШӢ КАРДААСТ

Шаҳрванди Тоҷикистон  А., ки дар даромадгоҳи додситонии шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон худро бо корд захмӣ карда буд, бо ҷурми майдаавбошӣ ба 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум карда шудааст. Дар ин бора рӯзи 28 апрели соли 2023 сомонаи расмии додгоҳи шаҳри Остона бо такя ба иттилои расмии додгоҳи махсуси байниноҳиявии пойтахти Қазоқистон оид ба қонуншиканиҳои маъмурӣ хабар дод.

Бино ба иттилои расмӣ, ин додгоҳи байниноҳиявӣ парвандаи шаҳрванди Тоҷикистон А. бо иттиҳоми майдаавбоширо бар асоси қисми якуми моддаи 434 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Қазоқистон баррасӣ кардааст. Тавре аз маводи парванда бармеояд, А. дар дохили бинои КПП, ё гузаргоҳи додситонии шаҳри Остона намоишкорона ба шиками худ бо корди канселярӣ зарба зада, қасди ҷони худро кардааст.

Маълум нест, ки ин шаҳрванди тоҷик барои чӣ ба додситонӣ омада буд ва дар гузаргоҳ  байни ӯву нигаҳбонҳо чӣ гузашт, ки ӯ чунин намоишкорона худро бо корд захмӣ кард? Худи А. барои шарҳи ин моҷаро ҳанӯз дастрас нест. Намояндагони сафорат ва консулгарии Тоҷикистон дар Остона ин қазияро шарҳ надодаанд.

Вале додгоҳи махсуси байниноҳиявии пойтахти Қазоқистон оид ба қонуншиканиҳои маъмурӣ, ки парвандаи ин шаҳрванди тоҷикро баррасӣ кардааст, иддао дорад, ки гуноҳи А. тавассути протоколи тартибдодашуда, гузориши нозири пулис, сабтҳои видеоӣ аз маҳалли ҳодиса,  баёноти худиқроркунии  шаҳрванди тоҷик ва далелҳои дигар исботи худро пайдо кардааст.

Қисми якуми моддаи 434 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Қазоқистон барои майдаавбошӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андоза 20 маоши ҳадди ақал ваё аз 5 то 15 шабонарӯз ҳабси маъмуриро пешбинӣ мекунад. Бо ҳукми додгоҳ, А. дар содир кардани майдаавбошӣ гунаҳкор дониста шуд ва ба 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум гардид. Ин ҳукм ҳанӯз ба иҷро надаромадааст, таъкид шудааст дар иттилоияи додгоҳ.

Қазоқистон, ки як кишвари аз нафту газ ва маъданҳову майдонҳои кишти ғалла бойи Осиёи Марказист,  баъди Русия дуюмин кишвари бузурги мизбони муҳоҷирони тоҷик ба шумор меравад. Бино ба ҳисобҳо, дар Қазоқистон аз 50 то 100 ҳазор муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Як қисми онҳо муҳоҷироне мебошанд, ки ба далели манъи убури марзҳои Русия дар ҷустуҷӯи кору маоши беҳтар роҳи Қазоқистонро пеш гирифтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button