ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ РОНАНДАИ “СКУТЕР” БАР АСАРИ БАРХӮРД БО МОШИНИ БОРКАШИ ГАЗ-66

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 26-уми апрели соли 2023, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи дучархаи тамғаи «Скутер», Дадобоев Шокирҷон Паҳлавонович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи дучарха набаромада, ба қисми қафои автомашинаи боркаши тамғаи «ГАЗ-66», таҳти идораи ронанда, Юсупов Акрамҷон Деҳқонбоевич, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Гулистон, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, дучархарон, Дадобоев Ш.П. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button