ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ВО-АҶАБ! ДАР ИСФАРА ЗАНИ ДУЮМ БО КОРД ЗАНИ ЯКУМРО ТАҲДИДИ КУШТАН КАРДААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 26.04.2023

Таҳдиди аз ҳаёт маҳрум намудани собиқ ҳамсари шавҳар аз ҷониби зани 29-сола

155

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати зани 29-солаи сокини шаҳри Исфара, оғоз карда шудааст.
Номбурда, 24-уми феврали соли 2023, тахминан соати 09:00, дар хонаи истиқоматиаш бо собиқ ҳамсари шавҳараш, зани 27-солаи сокини ҳамон ҷо, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ ӯро таҳдиди куштан намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

ИЛОВА АЗ “БОМДОД”:  Тафсилоти дигари ин ҳодиса ва сабаби муноқишаи байни зани якуму зани дуюми сокини Исфара ҳанӯз маълум нест. Вале бар асоси моддаи 120, таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, агар барои амалӣ гардондани ин таҳдид асоси тарсу ҳарос мавҷуд бошад, бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Боздошт гардидани марди 34-сола бо ҷурми дуздӣ

157

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ноҳияи Спитамен, ки соли 2022 бо моддаҳои 245 ва 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 22-юми апрели соли 2023, тахминан соати 00:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ аз чойхонаи боғи фароғатии ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен, 4 ҳазору 850 сомонӣ, ки ба марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур тааллуқ доранд, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button