ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ВИДЕО +18: ДУ РӮЗ БОЗ ДАР ВАЗНИНХОНА АСТ. ЛАТТУКӮБИ НОБОЛИҒ АЗ СӮИ КОМИССАРИ ҲАРБӢ ДАР ПАНҶ

Муаллиф:  Шамсулло Фозилов, “Фараж”

Наздикони як сокини ноҳияи Панҷ иддао доранд, ки комиссари ҳарбии ноҳияи мазкур писари ноболиғашонро латукӯб кардааст. Ноболиғ дар ҳолати вазнин дар беморхона қарор дорад. Ба гуфтаи наздикон, латукӯби ноболиғ Инагамов Сунат дар пайи  “облава”, аз ҷониби комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷ Раҳмонзода дар утоқи корияш рух додааст.

Тағои ҷабрдида Неъматулло Бобозода дар суҳбати телефонӣ ба “Фараж” гуфт, аз дирӯз боз дар беморхона ҳастанд.

– Ҷиянам пас аз дарс дар як нуқтаи шустушӯи нақлиёт мошиншӯӣ мекард. Бегоҳи 24-уми апрел комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷ Раҳмонзода Фитрат  ҷияни ноболиғамро, ки соли таваллудаш 2006 аст, тариқи маҷбурӣ ба Комиссариати ҳарбӣ бурда, дар утоқи кориаш чунон задааст, ки майнаи сараш беҷо шуда, пардаҳои гӯшҳояш даридаанд. Аз он рӯз то ҳол дар вазнинхона қарор дорад. Аз прокуратураи гарнизони вилоят баёнотҳои ҳама иштирокдоронро гирифтанд, аммо экспертизаи судӣ то ҳол шиносбозӣ карда, хулосаро надодааст. Худи комиссар то ҳол ягон маротиба аз ҳолаш хабар нагирифтааст, – гуфт Бобозода Н.

Сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ Маҳмадӣ Самиев дар тамоси телефонӣ вуҷуди чунин бемор дар беморхонаро тасдиқ ё рад накард, аммо гуфт, бемори вазнин надоранд ва танҳо аз наздик метавонад суҳбат кунад.

Назари комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷ Раҳмонзода Фитрат ба шикояти мазкур маълум нест. Ба як занги телефонии мо аз Комиссариати ҳарбӣ гуфтанд, ки аз қазия бехабаранд ва худи комиссар ба Душанбе рафтааст.

Иддаои латукӯб шудани ноболиғ дар ноҳияи Панҷ аз ҷониби комиссари ҳарбӣ дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл навори таҳқир ва латукӯби чанд наваскар дар як қисми ҳарбӣ дар вилояти Суғд ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва ҷомеаро нигарон кард. Мақомоти прокуратура иттилоъ доданд, ки дар пайи ҳодисаи мазкур панҷ сарбоз ва Нузҳат Лазуриев, сардори комендатураи якуми “Ворух”, қисми низомии вобаста ба нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллиро боздошт кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button