ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҶАСАДИ ЯК НОБОЛИҒРО БАЪДИ 3 РӮЗ АЗ КАНАЛИ КАЛОНИ ҲИСОР ПАЙДО КАРДАНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи  25–уми апрели соли 2023, баъди се рӯзи ҷустуҷӯ наҷотбахшони ин ниҷод билохира ҷасади як ноболиғи 13-сола аз деҳаи Оҳангарони ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисорро аз “Канали калони Ҳисор” пайдо карда ва ба мақомоти дахлдор супурдаанд.

Ин ноболиғ рӯзи 22 апрел дар “Канали калони Ҳисор” ғарқ шуда буд. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҷасади ӯро 7 километр поёнтар аз макони ҳодиса пайдо карданд.

Дар ҳафтаи ҷорӣ дар Тоҷикистон алакай чор ноболиғ ғарқ шуданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 23 апрели соли 2023 дар се гӯшаи гуногуни ҷумҳурӣ – ноҳияҳои Варзобу Ёвон ва дар шаҳраки Бӯстон, маркази ноҳияи Мастчоҳ –  се ноболиғ: писарбачаи 14-сола дар шаҳраки Бӯстон, духтарчаи 12-сола дар ноҳияи Ёвон ва писарбачаи 13-сола дар Варзоб ғарқ шуданд.

 Ин дар ҳолест ки мавсими оббозӣ дар ҷумҳурӣ ҳанӯз расман шурӯъ нашудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон хостааст, бо кӯдакону наврасон корҳои таблиғотӣ баранд ва барояшон хатарҳои танҳо рафтани ба соҳили каналу ҷӯй ва дарёву баҳрҳоро фаҳмонанд. Аз волидон хоста шудааст, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд!

Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, соли 2022 дар Тоҷикистон дастикам 160 нафар дар кӯлу дарёҳо ғарқ шуданд. Беш аз нисфи онҳоро кӯдакон, аз ҷумла 80 нафарашро ноболиғони зери синни 17 ташкил медод.

 Мақомот риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, надонистани қоидаҳои оббозӣ ва оббозӣ дар маконҳои мамнӯъро аз сабабҳои аслии ҳодисаҳои нохуш дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон медонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button